Пойгоҳи 201-и ФР беш аз ҳазор мутахассис барои артиши ҶТ омода кард

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкСарбозони пойгоҳи низомии "201" Русия
Сарбозони пойгоҳи низомии 201 Русия - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Устодони пойгоҳи низомии “201” барномаи омӯзишии солонаи худро ба анҷом расонданд, ки дар доираи он беш аз ҳазор мутахассиси низомӣ омода гардид.

ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Афсарони пойгоҳи низомии "201"-уми Русия дар доираи барномаи омӯзишии солонаи худ беш аз ҳазор мутахассиси низомӣ барои қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон омода кардаанд, мегӯяд, ёвари фармондеҳи нерӯҳои Округи ҳарбии марказии Русия полковник Ярослав Рошупкин.

"Устодони пойгоҳи низомии "201" барномаи омӯзишии солонаи худро ба анҷом расонданд, ки дар доираи он беш аз ҳазор мутахассиси низомӣ, аз ҷумла муҳандис-ронандаи тонки Т-72, зиреҳпӯшҳои ҷангии БМП-2, тӯпчии мушакпартои "Гард" ва 2С3 "Акатсия" ва ғайра омода карда шуд", изҳор дошт, Рошупкин.

Афсарони рус барои артиши ҶТ 250 мутахассисони низомӣ таҳия мекунанд

Ин курси омӯзишӣ дар тамрингоҳҳои Лоҳур, Самбулӣ ва Мумирак баргузор гардид, ки дар ҷарайни он оташкушоии озмоишӣ аз силоҳи стандарти техникаи ҳарбӣ, аслиҳаи хурд ва норинҷаканддоз сурат гирифтааст, меафзояд, ёвари фармондеҳи нерӯҳои Округи ҳарбии марказии Русия.

Пойгоҳи низомии 201-уми ФР дар Тоҷикистон бузургтарин пойгоҳи ҳарбии Русия дар хориҷа буда, ҷузъу томҳои он дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб мустақаранд. Тибқи созишномаи дар моҳи октябри соли 2012 баимзорасида, ин пойгоҳ то соли 2042 вазоифи худро дар Тоҷикистон анҷом медиҳад.   Барономаи омода кардани мутахассисони хурди низомӣ ҳам яке аз шартҳои ҳузури ин пойгоҳ дар қаламрави Тоҷикистон ба шумор меравад.

 

Лентаи хабарҳо
0