Афсарони рус барои артиши ҶТ 250 мутахассисони низомӣ таҳия мекунанд

© Sputnik / Саид Царнаев / Гузариш ба медиабонкТанки Т-72. Акс аз бойгонӣ
Танки Т-72. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Афсарони пойгоҳи 201 низомии Русия ба омода кардани мутахассисони низомӣ барои нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон машғул мешаванд.

ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Дар тамрингоҳҳои Лоҳур, Самбулӣ ва Мумирак афсарони рус дар тӯли се моҳ барои нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон 250 мутахассиси бахшҳои мухталифро таҳия мекунанд, омадааст дар хабари сомонаи вазорати дифоъи ФР.

Дарсҳои ақидатӣ барои таҳияи мутахассисон дар пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон оғоз шудаанд. Пойгоҳи 201 низомии Русия дар Тоҷикистон, зикр шудааст дар хабар, тибқи қарордоди шароити ҳузури ин воҳиди низомӣ дар қаламрави кишвар, ба омодасозии мухассисин машғул аст.

Пойгоҳи низомии 201-уми ФР дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Пойгоҳи низомии 201-ум барои артиши ҶТ афсарони хурдро омода мекунад

Қаблан вазири дифоъи Федератсияи Русия генерали артиш Сергей Шойгу дар бораи зарурати боло бурдани зарфияти нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва пойгоҳи 201 Русия дар ин кишвар изҳори назар карда буд.

Афсарони пойгоҳи 201 Русия дар Тоҷикистон дар моҳи апрели соли ҷорӣ алаккай 250 мутахассиси ҷавон барои артиши Тоҷикистон омода карда буданд. Аз ҷумла барои нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон мутахассисини зерин таҳия карда шудаанд: ронандаҳо ва нишонрасони танкҳои Т-72, БМП-2 ва БТР-80.

Лентаи хабарҳо
0