Коршинос дар умури Афғонистон: Амрико талош дорад, ба Русия фишор орад

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкОмӯзиши неруҳои СПАД дар Арманистон
Омӯзиши неруҳои СПАД дар Арманистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Яку якбора бад шудани вазъи минтақа мавзуи меҳварии мулоқоти раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои руси ӯ, Владимир Путин гардид, ки 6 октябр дар шаҳри Сочӣ баргузор шуд.

Директори Маркази ташхиси геополитикии Русия Валерий Коровин назари худ дар бораи он ки оё эҳтимоли ҳаракати ҷангиёни Толибон аз Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказиро дорад, иброз дошт.

Ҳаракати Толибон, ки ҳоло дар қаламрави Афғонистон фаъол шудааст, аз сӯи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ташкил гардидааст. Тавре сиёсатшинос гуфт, ин ҳаракат ҳанӯз ҳам тавассути намяондагони гуруҳҳои террористии минтақавии арабӣ аз сӯи ин кишвар идора мешавад. Ба гуфтаи ӯ, Вашингтон замоне аз Толибон истифода мекунанд, ки шиддатёбии вазъ дар минтақа барояш лозим бошад.

"Ва имрӯз ҳам он замон фаро расидааст. Зеро Русия бо яке аз гуруҳҳои дигари террористии ташкилнамудаи ИМА — "Давлати исломӣ" муборизаи муваффақ дар Сурия бурда истодааст. ИМА барои кам кардани таваҷҷуҳи Русия дар Сурия фаъоляти ҳаракатҳои дигар, аз ҷумла Толибонро дар минтақа фаъол намуда истодааст", изҳор дошт, Коровин дар суҳбат бо бахши узбакии Sputnik.

Созмони тундгарои “Давлати исломӣ”

Толибон ҳам бояд дар асоси дархости Вашингтон бо фаъол намудани чкучкбораи фаъолияти худ мушкилеро барои Русия эҷод кунад ва Амрико ҳам бо ин васила ба мақомоти рус фишор оварда, онҳоро каме гапдаро кунад.

Хатар ба Осиёи Марказӣ меафзояд

"Дар сурати ба таври ҷиддӣ мудохила накардани Русия ба вазъи пешомада ИМА бидуни шубҳа ҷангиёни Толибонро ба қаламрави Тоҷикистон ё кишварҳои дигари ҳаммарзи шимолии Афғонистон сар хоҳад дод", — мегӯяд, сиёсатшинос.

Дар ин ҳол, тавре ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ҷангиёни Толибон дар минтақаҳои номбурда тактикаҳои кутоҳмуддати худро роҳандозӣ карда, ҳамзамон барои ИМА ҳам манфиатҳои стратегӣ эҷод мекунанд.

Дабири кулли СПАД Николай Бордюжа - Sputnik Тоҷикистон
Бордюжа: СПАД ба ҳар гуна таҳдидҳо посухи муносиб дар ихтиёр дорад

Роҳи ҳал вуҷуд дорад

Мушкили вазъ дар минтақаҳои назди сарҳадии Тоҷикистонро, тавре сиёсатшинос борҳо гуфта буду дар ҷаласаи Шӯрои СПАД ҳам қайд гардида буд, бидуни дахолати фаъол дар қаламрави Афғонистон наметавон ҳал кард.

Дар қаламрави ин кишвар имрӯз мудирияти мутамарказ вуҷуд надорад ва давлат ҳам таҳти идораи гуруҳҳои террористии ташкилнамудаи ИМА қарор дорад.

Барои коҳиши ташаннуҷи вазъ ба гуфтаи коршинос, бояд каме баъзе аз густаришҳои стратегӣ анҷом дод.

Маскав барои фишор омодааст

Коршинос шак надорад, ки ингуна шадид шудани вазъият дар марзи Тоҷикистон мисли шиддат гирифтанаи танишҳои эҳтимолии дигар дар манотиқи ҳаммарз бо Русия аз ҷониби Маскав дар назар гирифта шудаанд ва Қафқози шимолиро ҳам, ки ҳоло минтақаи анъанавие барои фишор ба Русия табдил шудааст, набояд аз мадди назар дур гирифт.

Ҳавопаймои низомии МиГ-29. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ҳавопаймоҳои низомии Русия озими Сурия шуданд

Барои ҳамин, ҳоло ки Русия ҳамлаҳои муваффақона алайҳи "Давлати исломӣ" дар Сурияро оғоз кардааст, стратегҳои ғарбӣ ҳам роҳҳои фишор ба мақомоти русро рӯи даст гирифтаанд.

Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ як ташкилоти низомиву сиёсӣ бар асоси Паймони амнияти дастҷамъӣ дар соли 1999 ташкил шуда, ба узвияти он Русия, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Белорус шомиланд. Ӯзбакистон дар соли 1999, дар авҷи гармии муносибатҳояш бо Ғарб ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико СПАД-ро тарк кард.

© SputnikҶанг барои Қундуз: то Тоҷикистон километрҳои ба шумор мондааст
Ҷанг барои Қундуз: то Тоҷикистон километрҳои ба шумор мондааст  - Sputnik Тоҷикистон
Ҷанг барои Қундуз: то Тоҷикистон километрҳои ба шумор мондааст
Лентаи хабарҳо
0