ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Акнун, ки гурӯҳи ҷангҷӯи генерали собиқ Абдуҳалим Назарзода саркӯб ва нобуд карда шуд ва ҳукумат даст доштани ҲНИТ-ро дар ин ошӯбҳо ошкор кардааст, дигар бовар ба фаъолияти солими ҲНИТ комилан аз байн рафтааст, омадааст дар изҳороти ҲДТ, ки зери он Сайидҷаъфар Исмонов имзо кардааст ва онро АМИТ "Ховар" ба нашр расонидааст.
Дар баёния аз номи Ҳизби демократии Тоҷикистон қайд мешавад, ки мо ҳама гуна зӯроварӣ ва беадолатиро маҳкум менамоем, ҳамчунин ба ҳама равишҳои сулҳофаринӣ ҳамфикр ва пайванд хоҳем буд.
"Воқеаҳои нохуши моҳи гузашта бори дигар фазои сиёсии мамлакатро ғуборолуд карданд ва дар пайи он рӯзи 29 сентябри соли ҷорӣ Суди Олии ҶТ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ташкилоти экстремист-террористӣ эълон карда, фаъолияти онро дар қаламрави ҷумҳурӣ мамнӯъ эълон кард. Ҳоло ин масъала яке аз мавзӯъҳои доғи мамлакати мо мебошад",- менависад манбаъ бо такя ба изҳороти Исмонов.
Дар изҳороти ҲДТ қайд мешавад, ки дар бораи то кадом андоза даст доштани роҳбарон ва аъзои ин ҳизби сиёсии мамлакат дар ин воқеаҳо мо маълумоти пурра дар даст надорем, аммо аз ҳар иқдоме, ки ба сулҳу оромӣ ва пешрафти ҷомеа нигаронида шудааст, пуштибонӣ мекунем.
Ба навиштаи манбаъ, ҲДТ низ дар навбати худ боре шоҳиди як рафтори ношоиста, дақиқтараш шубҳаовари ҲНИТ шуда буд. Дар арафаи интихоботи парлумонии Тоҷикистон, моҳи феврали соли 2015, ки раиси ҲДТ дар ҳавзаи интихоботии Фархор-34 ба сифати номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар сабқат буд, ҲНИТ ба маҷлисҳои маҳаллӣ як нафар узви гурӯҳи салафияро пешбарӣ карда буд, ки фаъолияти ин гурӯҳи мазҳабӣ дар қаламрави Тоҷикистон манъ карда шудааст.
"То ҳанӯз барои мо равшан нест, ки ҲНИТ бо ин гурӯҳи тундрав чӣ иртибот дорад, вале пешбарии нафаре аз ин гурӯҳ аз тарафи ҲНИТ эътимоди моро ба ин ҳизб ҳамчун ҳизби сиёсии фаъол дар мамлакат шикаст",- хулоса мекунад Шӯрои сиёсии ҲДТ.
Дар пайи ҳаводиси хунини 4 сентябр ва амалиёти вижаи неруҳои қудратии Тоҷикистон алайҳи гуруҳи генерал Назарзода, ки мақомот ӯро ҳамдасти раҳбарияти ҲНИТ хонданд, Додситонии кул аз Додгоҳи олии кишвар хост, фаъолияти ҲНИТ-ро манъ намояд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳам бо баррасии ин дархости додситонӣ рӯзи 29-уми сентябр ҲНИТ — ягона ҳизби динӣ дар минтақаи Осиёи Миёнаро созмони террористӣ эълон намуд ва фаъолияти онро дар қаламрави кишвар манъ кард.
Кулли матолиби марбут ба қазияи ҲНИТ-ро аз ин ҷо дастрас карда метавонед>>