Ҷанг барои Қундуз: то Тоҷикистон километрҳои ба шумор мондааст

Обуна шудан
Амалиётҳо барои озод кардани Қундуз ду ҳафта боз идома доранд. Барои Тоҷикистон мавқеъ доштан дар наздикии макони даргириҳо ҳам хатарзо хоҳад буд.

Мо фосила миёни даргириҳои Қундуз ва аввалин минтақаи аҳолинишини Тоҷикистонро ҳисоб кардем. Бо тасвири хатти марзи ноороми Афғонистони аз онҳое, ки қаблан ҳам дар сарҳадҳои мо ҳузур доштанд, ёд намудем. Маълум гардид, аввалин минтақаи аҳолинишини мо аз Қундуз ҳамагӣ 68 километр дур аст, мисли фосила миёни Душанбе ва Регар.

Дарозии марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон 1 ҳазору 370 километрро ташкил дода, аксари он аз манотиқи куҳӣ убур мекунад, ки назорату нигоҳубини онро мушкил менамояд. Раҳбарият ва фармондеҳони Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон ҳоло барои пурзур кардани назорати хатҳои марзи кишвар бо Афғонистон тамоми чораҳоро меадешанд.

Консулгарии Тоҷикистон дар Қундуз муваққатан баста шуд

Аммо теъдоди дақиқи сарҳадбонон дар ҷануби кишвар маълум нест. Тибқи маълумоти бархе аз сарчашмаҳои ғайрирасмӣ шумори онҳо барбар ба 15 ҳазор нафар арзёбӣ мегардад.

Имрӯз барои онҳо ҳимояи марз осон нахоҳад буд. Қаблан то соли 2005 хатти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон аз сӯи низомиёни рус ҳифозат мешуд. Неруҳои марзии онҳо дар шаҳру навоҳии вилояти Бадахшон, аз ҷумла Мурғоб, Хоруғ, Ишкошим ва Қалъаи хумб мустақар буданд. Се отряди охир хатти марз бо Афғонистонро назорат мекард. Амниятро дар хатти марзи Тоҷикистону Афғонистон дар ҳудуди вилояти Хатлон ду қисми неруҳои марзбонӣ, қисми маъруф ба "Московский" ва отряди сарҳадбонии Панҷ таъмин мекарданд.

Сияҳпӯш: ҷанг дар Қундуз кори дасти Амрикост

Дар умум соли 1998 дар марзҳои Тоҷикистон ба ин тартиб 18 ҳазор сарҳадбони рус ҳузур дошт ва ахиран то соли 2004 шумори онҳо ба 11 ҳазор расид. Дар ҳудуди вилояти Хатлон ба таври доимӣ 7 ҳазор сарбози рус мустақар буд.

Дар шаҳру навоҳии Афғонистон, Тахор, Қундуз ва Бадахшон, ки ҳаммарз бо Тоҷикистонанд гуруҳҳои ба мисли Толибон, Ҷундуллоҳ, Ҷамоаи Ансоруллоҳ ва ал-Қоида фаъолият мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0