Дар Молдова аз қочоқи тсезий-137 ба “Давлати исломӣ” ҷилавгирӣ карданд

© SputnikМащсулоти ОАО "Заводи мошинсозӣ"
Мащсулоти ОАО Заводи мошинсозӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тайи солҳои ахир дар Молдова чаҳор бо аз қочоқи маҳсулоти марговар ба гуруҳҳои ҷиноӣ ҷилавгирӣ шудааст. Ҳатто дар як ҳолат гуруҳҳои ҷиноӣ тавонистанд, миқдор урани таслиҳотиро ба даст оранд.

ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Муфаттишони Молдова дар ҳамкорӣ бо намояндагони Идораи таҳқиқоти федеролии Амрико тавонистаанд, сади роҳи фурӯши "тсезий-137" шаванд, ки созмони "Давлати исломӣ" мехост, бо ба даст овардани он "бомби мудҳиш" бисозад, навиштааст, Sputnik Молдова рӯзи чаҳоршанбе бо истинод ба Ассошиэйтед Пресс.

Тибқи иттилои хабаргузорӣ, гуруҳи муфаттишон дар Молдова тайи чанд соли ахир аз чаҳор ҳолати талош барои фурӯши урани таслиҳотӣ ба гуруҳҳои ҷиноӣ ҷилавгирӣ кардаанд. Ҳатто соли 2011 гуруҳи ҷиноие мехост, урани таслиҳотиро ба судониҳо фурӯшад. Онҳо бовар доштанд, ки маводи радиоактивии 10-килоиро ба даст меоранд. Вале миёнаравашон ҳангоми интиқоли миқдори намунавии 10-грамии ин мавод боздошт гардид, ки он замон 320 евро нархгузорӣ шуда буд.

Соли 2014 аз қочоқи фурӯши як миқдори маводи "тсезий-137" ҳам ҷилавгирӣ шудааст, ки барои омода сохтани бомби мудҳиш равона гардида буд. Ба гуфтаи миёнаравон, бояд ин мавод ба дасти ҷангиёни "Давлати исломӣ" мерасид.

"Онҳо пул доранд ва медонанд, бо ин чӣ кор кунанд", навиштааст, Ассошиэйтед Пресс аз қавли миёнарав.

Миёнаравон барои солҳои на он қадар тулонӣ равонаи зиндон шуданд. Аммо шасиятҳои калидии бозори сиёҳ аз ҷавобгарӣ озод гардиданд ва гуруҳи муфаттишон ҳам дар пайи буҳрони сиёсии Молдова пароканда шуданд, хулоса кардааст, ин хабаргузорӣ.

Лентаи хабарҳо
0