СММ: ИМА дар таҳқиқи ҳамлаи беморхона набояд иштирок кунад

© APХаробаҳои беморхонаи "Табибони бидуни марз" дар Қундуз, 3 октябри 2015
Харобаҳои беморхонаи Табибони бидуни марз дар Қундуз, 3 октябри 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазъ дар Афғонистон рӯз аз рӯз бадтар мешавад. Беморхонаи “Табибони бидуни марз” дар шаҳри Қундуз, ки наздик ба 200 нафар дар он ҳузур доштанд, дар пайи бомборони рӯзи шанбе қисман хароб гардида, боиси ҳалокати 22 нафар гардид.

Душанбе, 7 окт — Sputnik. Агар дабири кулли СММ Бан Ки Мун розигӣ диҳад, давлатҳое, ки дар низои Афғонистон шомил нестанд, метавонанд, ба ҳайати кумисиюни таҳқиқи ҳамла ба беморхонаи "Табибони бидуни марз" дар шаҳри Қундуз ворид шаванд, гуфт, сухангӯи дабири кулли СММ Аҳмад Фавз дар Женева.

"Дабири кулли СММ хостори таҳқиқи мустақилонаи ин ҳодиса шуд. Аммо ҳоло барои мо бахше аз таҳқиқгарони ин ҳодиса муайян намебошад ва намедонем, ба ҳайати кумисиюни таҳқиқ кишварҳое ки, дар низои Афғонистон шомил нестанд, ҷалб мешаванд ё не. Ва ҳоло равшан ҳам намебошад, ки барои таҳқиқи қазияи мазкур кадом инсититутҳо ҷалб карда мешаванд. Аммо ҳамин қадар маълум аст, ки дар он намояндагони ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳузур хоҳанд дошт", афзудааст, сухангӯи Бан Ки Мун.

ИМА беморхонаро бо дархости неруҳои Афғонистон бомбаборон кардааст

Номбурда зикр кард, ки ба ҳайати ин кумисиюн намояндагони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шомил нахоҳанд шуд, зеро дар ин сурат таҳқиқи ҳодиса ба гуфтаи ӯ, мустақилияти худро аз даст хоҳад дод. Вай таъкид кард, ки ҷиноятҳои низомӣ бояд сари вақт таҳқиқ карда шавад.

Сухангӯи Бан Ки Мун дар посух ба суоли ин ки оё кумисиюни таҳқиқи ҳамла ба беморхонаи Қундуз дар рӯзҳои наздик ташкил хоҳад шуд, афзуд, "умедворем".

Вазъ дар Афғонистон рӯз аз рӯз бадтар мешавад. Беморхонаи "Табибони бидуни марз" дар шаҳри Қундуз, ки наздик ба 200 нафар дар он ҳузур доштанд, дар пайи бомборони рӯзи шанбе қисман хароб гардида, боиси ҳалокати 22 нафар гардид.

Намояндагони қувваҳои мусаллаҳи ИМА иқрор кардаанд, ки неруҳои ҳавоии ин кишвар он рӯз дар наздикии беморхонаи мазкур амалиётеро анҷом доданд. Раисҷумҳури ИМА Барак Обама қаблан изҳор дошт, ки қазияи мазкур мавриди таҳқиқи Вашингтон қарор дорад. Аммо ӯ аз гуфтани ин ки масъулияти ҳамлаи мазкур бардӯши Вашингтон аст худдорӣ карда, ҳатто дар робита ба марги беш аз 20 нафар ҳам узрхоҳӣ накард.

Лентаи хабарҳо
0