Вакил: тафаккури динии ҷомеаи тоҷикро бояд тағйир дод

© Sputnik / Амир ИсаевМаркази таҳқиқоти стратегӣ
Маркази таҳқиқоти стратегӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон бар ин бовар аст, ки тафаккури динии сокинони кишвар ниёз ба ислоҳот дорад. Ӯ пешниҳод кард,ки дар ин бора аз таҷрибаи даврони шӯравӣ ва арзишҳои миллӣ кор гирифта шавад.

ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Фаҳмиш ва тафаккури аҳолии Тоҷикистонро бояд ислоҳ кард, гуфт, вакили Маҷлиси намояндагони кишвар Насиба Қосимоа рӯзи сешанбе зимни конфронс.

"Дар давраи шӯравӣ бо атеизми илмӣ рӯбарӯ шудему сипас зуд бо динии аз ҳад зиёд, ки ин чиз ба мо таъсири манфӣ гузошта, то ба имрӯз оварда расонд. Ҳоло бояд тафаккури динӣ тағйир дода шавад ва руҳониёни мо ҳам ба ин масъала набояд нигоҳи манфӣ дошта бошанд", афзудааст, ӯ.

Ба назари Қосимова, бояд тафаккури динӣ дар асоси арзишҳои миллии даврони эҳёи тоҷикон, аз ҷумла даврони Сомониёну шӯравӣ такмил дода шавад.

"Бояд ба арзишҳои миллӣ чанг заду корҳои тарбиявӣ гузаронида, фарҳангу ҳунари худро дар ин асос рушд диҳем ва чорабиниҳои ҷамъиятӣ баргузор намоем", — илова кардааст, қосимова.

Бинои Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Маркази мубориза алайҳи ифротгароӣ дар ДСТР таъсис меёбад

Ӯ таъкид кард, ки танзими расму ойинро метавон қадами аввал дар ислоҳи тафаккури динӣ номид. Ин вакили тоҷик бар ин бовар аст, ки дар оянда ҳам ин гуна бояд ба таври ниҳодӣ ба ислоҳот идома бахшид.

Дар Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши байналмилалӣ зери унвони "Манофеъи миллӣ ва сиёсати амниятии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шароити таҳаввулоти геополитикӣ" идома дорад.

Ин конфронс дар доираи раисии Тоҷикистон дар Созмони Паймони Аҳдномаи Дастаҷамъӣ бо ибтикори Маркази таҳқиқоти стратегӣ, Маркази омӯзиши равандҳои геполитикии ДСРТ ва Ассосатсияи таҳлилии СПАД баргузор мешавад.

Лентаи хабарҳо
0