ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Сергей Наришкин, раиси Думаи давлатии Русия аз таваҷҷуҳи Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) дар мулоқот бо ҳамтои тоҷики худ Шукурҷон Зуҳуров, ки дар шаҳри Остона баргузор шуд, истиқбол кардааст.
"Мо бисёр хушҳолем, ки Шумо ва ҳамкоронатон дар фаъолияти Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё манфиатеро мебинед", гуфтааст, Наришкин 6 октябр дар ҳамоиши байналмилалии «Дурнамои иқтисодии Авруосиё» дар шаҳри Остона.
Ӯ инчунин зикр кардааст, ки "чи гуна ҷаласаи пешини Кумисиюни парлумонии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамӣ моҳи ноябри соли гузашта ба таври лозимӣ ва муассир баргузор шуда буд".
Раиси Думаи давлатии Русия дар идома фаъолияти хуби муштараки намояндагони Тоҷикистону кишвараш ба ҳайси нозир дар интихоботҳои кишварҳои ИДМ ва давлатҳои дигарро ёдоварӣ кардааст.
Ин дар ҳолест, ки раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар дар ҳамоиши байналмилалии "Дурнамои иқтисодии Авруосиё" ҳимояти Тоҷикистонро аз ин иттиҳод эълон дошта, ба инобат гирифтани манфиати кишварҳои узв дар доираи ин созмонро зарур хондааст.
"Ҳангоми амалишавии лоиҳаҳо дар доираи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва камарбанди Иқтисодии роҳи Абрешим бояд манофеи ҳамаи кишварҳои минтақа дар асоси манфиатҳои мутақобила аз ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, зерсохторӣ ва сармоягузорӣ ба инобат гирифта шаванд", — таъкид кардааст, Зуҳуров.
Ҷаноби Зуҳуров дар ин нишаст инчунин ибрози боварӣ кардааст, ки ҳамгироӣ ва ҳамкории Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва дигар кишварҳо дар амалишавии ин гуна лоиҳаҳои ба талаботи замон ва ормонҳои халқи мо ҷавобгӯ, ба ҷалби ҳарчи бештари кишварҳои минтақа дар фазои муносиби сатҳи ҷаҳонӣ, беҳтар шудани сатҳи рақобатпазирии иқтисодӣ ва баланд гардидани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ сабаб мегардад.