ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Қирғизистон расман вориди Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шуд, хабар медиҳад РИА Новости.
Дар ин маврид 23 декабр санадҳо ба имзо расиданд. Дар робита ба воридшавии Қирғизистон аввалин шуда президенти Русия Владимир Путин дар нишасти раҳбарони Иттиҳод сухан кард.
"Худи ҳозир муоҳадаи пайвастани Қирғизистон ба имзо расид. Бовар дорем узвияти Арманистон ва Қирғизистон дар Иттиҳоди АвруОсиё ба манфиати миллии халқҳои ин ду кишвар аст ва он барои рушди иқтисодии онҳо дарҳои дигарро боз мекунад", — гуфтааст Путин.
Алмазбек Атамбоев, президенти Қирғизистон дар анҷоми нишаст низ ин хабарро тасдиқ карда, афзудааст, ки "суҳбатҳо содда набуд, аммо он чизе, ки дар созишнома сабт шудааст, равшану возеҳ мебошад".
Тибқи ин шартнома, тарофаи ягонаи гумрукӣ, муҳлати дар амал татбиқ гардидани шартнома, санаи истифодаи тарофаи ягонаи гумрукӣ ва барҳам задани назорати гумрукӣ дар сарҳади Қирғизистону Қазоқистон дақиқ шудааст.
Алмазбек Атамбоев изҳори боварӣ кардааст, ки Қирғизистон то 9-уми майи 2015 узви комилҳуқуқи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мегардад. Ваъда кардааст, ки тамоми масоили марбут ба ин Иттиҳодро то якуми майи соли 2015 ба итмом хоҳад расонд.
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар пойгоҳи Иттиҳоди гумрукӣ миёни Русия, Қазоқистон ва Белорус ташкил шудаву аз 1-уми январи соли 2015 амалан фаъол мешавад.