Қосими Бекмуҳаммад: СПАД бояд муборизаро бо терроризм тақвият бахшад

© Foto / Из архива Косими БекмухаммадаҚосими Бекмуҳаммад, журналист ва сиёсатшинос. Акс аз бойгонӣ
Қосими Бекмуҳаммад, журналист ва сиёсатшинос. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Фаразан, агар гуруҳи террористие ба қаламрави яке аз кишварҳои узви СПАД ҳамла кунанд,ин созмон наметавонад, ба таври комил ба ин мушкил расидагӣ кунад, чун таҷрибаи ғании мубориза бо терроризмро надорад, мегӯяд, Қосим Бекмуҳаммад, коршиноси масоили минтақавӣ, ки дар ростои баргузории саммит ба суолҳои хабарнигори Sputnik посух медод.

-Ба назари Шумо, то куҷо сенарияи ҳамлаи мустақими ҷангиён ба қаламрави Тоҷикистон ба ҳақиқат рост меояд? Ва ба имкониятҳои воқеии СПАД дар сурати ворид шудани тундравон ба қаламрави Тоҷикистон чи гуна баҳо медиҳед?

-Дар пайи интиқоли шумори зиёди ҷангиён дар нимаи дуюми соли гузашта аз Покистон ва минтақаҳои ҷануби Афғонистон ба шимол, танишҳо дар навоҳии шимол ва шимолу шарқӣ ба маротиб афзудааст. Ин навоҳӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ҳаммарз мебошанд.Талафоти неруҳои артиш ва пулиси Афғонистон даҳҳо ҳазор арзёбӣ мешавад.

Хабари таҳти тасарруфи гуруҳи толибон ва ҷонибдорони созмони террористии маъруф ба ДИИШ қарор гирифтани аксари минтақаҳо дар шимоли Афғонистон ва бадтар шудани авзои сиёсию низомӣ тамойюл ба болоравӣ дорад ва ин ҳам як воқеият аст.

Вале бо вуҷуди ин ҳама ман фикр намекунам, ки ҳоло гуруҳҳои террористӣ вазифаи аслии худро дар интиқоли садҳо ҷангҷӯ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ донанд, бахусус ба Тоҷикистон. Зеро ҳоло гуруҳҳои террористӣ дар қаламрави Афғонистон ҳар кадоме ҳадафи худро дораду аз сӯи доираҳои гуногун сармоягузорӣ мешаванд ва агар бигӯем, ҳамаи онҳо тибқи як нақша амал мекунанду дар як соат ҳамроҳ ба кишвари ҳамсояе ворид мешаванд, ғалат аст.

-Кадом паҳлӯи заъфи фаъолияти СПАД-ро дар ростои ҷилавгирӣ аз гаравиши шаҳрвандони кишварҳои узв ба созмонҳои ифротӣ гуфта номбар карда метавонед?

— Дар ҳоли ҳозир кадом як муқовимати умумии неруҳои СПАД-ро набояд мунтазир шуд. Фаразан, агар гуруҳи террористие ба қаламрави яке аз кишварҳои узви СПАД ҳамла кунанд, ман фикр мекунам, ин созмон наметавонад, ба таври комил ба ин мушкил расидагӣ кунад, чун таҷрибаи бойи мубориза бо терроризмро надораду тадобири ин созмон барои ҷилавгирӣ аз ин гуна ҳолатҳо чандон коркард нашудаанд ва онҳоро бояд беҳтар карду аъзои он бояд сари ин масъала дар нишасти Душанбе фикр кунанд.

Тамриноти муштараки неруҳои вокуниши сареъ (КСОР)-и СПАД Ҳамкорӣ-2015 - Sputnik Тоҷикистон
Затулин: кишварҳои дигар низ аз СПАД кӯмак хоҳанд пурсид

Моҳи июни соли равон Бордюжа аз афзоиши шумори ҷангҷӯни гуруҳҳои террористӣ, аз ҷумла ДИИШ аз ҳисоби шаҳрвандони кишварҳои узви СПАД нигаронӣ карда буд.

Тибқи иттилои мутахассисони "Гуруҳи буҳрони байналмилалӣ" давоми се соли ахир аз кишварҳои Осиёси Марказӣ аз 2 то 4 ҳазор нафар барои пайвастан ба саффи гуруҳҳои террористӣ озими Сурия шудаанд. Бар асоси иттилои мақомоти Тоҷикистон ҳоло аз ин кишвар дар саффи ҷангиёни ДИИШ 519 нафар иштирок дошта, шумори ҷангиёни рус дар ин созмон беш аз ду ҳазор нафар гуфта мешавад.

Тибқи изҳороти намояндагони расмии СПАД дар сохторҳои гуногуни ин созмон як қатор чораҳо андешида шудааст. Барои мисол, муайян кардани нақша ва усулҳои гуруҳҳои террористӣ дар кишварҳои узви СПАД. Инчунин, Ассотсиатсияи иттилооту таҳлили сохторҳои ин созмон, ки вазъиятро таҳлил ва хатару таҳдидҳоро муайяну барои ҷилавгирии онҳо чораҳои мушаххас таъйин мекунад. Бо назардошти афзоиши терроризм дар минтақаи таҳти идораи ин созмон метавон хулоса кард, ки дар ҳоли ҳозир чораҳои андешидашуда нокофӣ ва ғайриқаноатбахш мебошанд.

— Тибқи иттилои ВАО, дар бештари маврид шаҳрвандони Тоҷикистон аз қаламрави Русия ба суфуфи гуруҳҳои террористӣ мепайванданд. Ба назари Шумо омили аслӣ дар ин ҷо чӣ аст?

— Дар ҳақиқат аксари шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба суфуфи гуруҳҳои террористӣ, бахусус ДИИШ аз қаламрави Русия мепайванданд. Албатта пеш аз ҳама бояд гуфт, ки ҷонибдорони гуруҳҳои террористӣ миёни муҳорҷирон хеле фаъоланду хуб кор мекунанд. Бештар корҳои таблиғотиро миёни муҳоҷирони корӣ шаҳрвандони кишварҳои Қафқоз мебаранд. Вале вақтҳои ахир аз миёни шаҳрвандони кишварҳои дигар низ мубаллиғони хуб ҳам омода карда шудаанд. Яъне онҳо фаҳмидаанд, ки муҳоҷирон бештар ба ҳамватанони худ бовар мекунанд.

Бар иловаи гузоштани саҳми худ бо роҳи ҷиҳод дар таъсиси хилофате, ки дар он адолату баробарӣ ва мукофоти хуб барои иштирок дар ҷангҳо алайҳи "кофирон" ваъда шудааст, инчунин баъзе аз омилҳои дигари идеологию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ вуҷуд дорад.

Яъне, фаъолшавии гуруҳҳои ифротию террористӣ ва афзоиши шумори ҷонибдорони онҳо на танҳо ба таъсири берунӣ, балки ба шароити дохилии Русияву кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам сахт вобастагӣ дорад.

Лентаи хабарҳо
0