Раҳмон аз Путин сипосгузорӣ кард

© Пресс-служба президента ТаджикистанаМулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар Душанбе. 15 сентябри соли 2015
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар Душанбе. 15 сентябри соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин масоили вобаста ба таҳким ва густариши муносиботи гуногунҷанбаи ду шарики стратегӣ баррасӣ шуд.

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раисҷумҳури Русия Владимир Путин, ки шоми дирӯз барои иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои СПАД ба шаҳри Душанбе омад, мулоқот кард, менависад сомонаи сарвари давлат.

Раҳмону Путин дар бораи чӣ суҳбат хоҳанд кард?

Дар нишаст масоили вобаста ба таҳким ва густариши муносиботи бисёрҷанбаи ду шарики стратегӣ баррасӣ шуд.

Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон ба Владимир Путин барои дастгирӣ аз тадбирҳои амниятии Тоҷикистон дар оғози моҳи сентябр ва ҳам барои ирсоли кӯмаки башардӯстона ба осебдидагони офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон арзи сипос намуд.

Дар навбати худ Владимир Путин бори дигар омодагии Русияро барои дастгирии ҳамаҷониба аз рушди Тоҷикистон таъкид дошта, аз ҷумла изҳор намуд, ки муносиботи Русияву Тоҷикистон бар иттифоқчигию баробарҳуқуқии ду ҷониб асос ёфтаанд.

Роҳбарони ҳар ду кишвар аз ҳамгироии мунтазам ва босамари ниҳодҳои корҳои хориҷӣ ва сохторҳои қудратию мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карданд.

Дар нишаст ҳамчунин қайд гардид, ки Русия ҳамоно шарики рақами аввали сармоягузори Тоҷикистон боқӣ мемонад, зеро сармояи мустақими аз ин кишвар воридшуда баробар ба 1,2 миллиард доллари амрикоӣ аст. Ин адад қариб ба нисфи ҳамаи сармоягузории мустақими хориҷӣ ба Тоҷикистон баробар мебошад. Соли 2014 гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Русия дар муқоиса ба соли 2013 ҳудуди 38% афзудааст.

Лентаи хабарҳо
0