ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Тими мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон, ки барои бозии сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 бо тими миллии Қирғизистон дар Бишкек қарор дорад, нахустин тамринашро анҷом дод, иброз доштанд масъулини ФФТ аснои сӯҳбат бо хабарнигори Sputnik.
Федератсияи футболи Тоҷикистон мегӯяд, ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 23 бозигар дохил аст. Айни ҳол тими миллии ҶТ дар меҳмонхонаи мавсум ба "Жаннат"-и Бишкек ҷой гирифта, вазъи саломатии кулли бозигарон хуб арзёбӣ мешавад.
Манбаъ афзуд, бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби Қирғизистону Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 8 октябр дар варзишгоҳи ба номи Долен Омурзоқов соати 19:00 ба вақти Душанбе баргузор хоҳад шуд.
Ба гурӯҳи "В" дар сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 дастаҳои зерин шомил мебошанд: Австралия, Урдун, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Бангладеш. Рӯзи 8 октябр ба ҷуз аз вохӯрии дастаҳои футболи Тоҷикистону Қирғизистон рақобати тимҳои Урдуну Австралия дар назар аст.