ВКД: ҳалокати 11 нафар дар пайи садамаҳои нақлиётии ду рӯз

© пресс-служба МЧС КРСадама дар роҳи Бишкек — Ӯш
Садама дар роҳи Бишкек — Ӯш - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар давоми ду рӯз дар Тоҷикистон 9 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки талафоти ҷонӣ ҳам дар пай доранд.

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Дар ду рӯзи истироҳати ҳафтаи гузашта 9 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷаи онҳо 11 нафар ба ҳалокат расидааст, менависад, сомонаи Вазорати корҳои дохили  Тоҷикистон.

Ронандаи автомашинаи "КИА-VESTA" дар ҳудуди ноҳияи Хуросон ҳангоми ҳаракат ба қафои автомашинаи боркаши "Дулан" бархӯрдааст, ки дар натиҷа ронандаи "КИА-VESTA" ба ҳалокат расидааст.

Автомашинаи "Опел-Вектра" дар роҳи Панҷакент-Айнӣ чаппа шуда, дар натиҷа, худи ронанда ва ду мусофир ба ҳалокат расидаанд ва мусофири сеюмӣ ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.

Садамаи нақлиётӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
ВКД: ҳалокати ду нафар дар натиҷаи ду садамаи нақлиётӣ

Дар ноҳияи Фархор ронандаи трактори "Т-28" бо чархи қафояш духарчаи 8-сола, сокини ноҳияро пахш намудааст, ки дар натиҷа ноболиғ, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ронандаи автомашинаи "Мерседес-Бенс" дар роҳи ноҳияи Нуробод — Рашт ба автомашинаи "Шаанхи" бархӯрдааст, ки дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс" ва мусофири автомашинаи мазкур дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофирони автомашинаи тамғаи "Шаанхи" бо бардоштани ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гаштаанд.

Ронандаи мототсикли "Алпан" дар ҳудуди ноҳияи Ҷалолиддини Рӯмӣ ба ҷӯйбори обгузар чаппа шуда, ба ҳалокат расидааст.

Садамаи нақлиётӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
ВКД: дар ду рӯзи охир дар пайи садамаҳо 4 тифл кушта шуд

Ронандаи автомашинаи тамғаи номаълум ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Ҳамадонии шаҳри Душанбе, дар рӯ ба рӯи тарабхонаи "Боргоҳи Сухан" пиёдагард, зани 54-соларо пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷа, пиёдагард бо бардоштани ҷароҳати ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гашта, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ронандаи автомашинаи "Мерседес-Бенс" дастгир карда шуд.

Санаи 4 октябр дар роҳи Ёвон — А.Ҷомӣ пиёдагард духтарчаи 7-сола зери чархи автомашинаи "Хово" монда, ҷон додааст.

Дар ин рӯз, инчунин ронандаи автомашинаи "Опел-Астра" дар роҳи Айнӣ-Панҷакент писарбачаи 10-соларо пахш намудааст, ки дар натиҷа пиёдагарди ноболиғ, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.           

Дар роҳи Душанбе — Рӯдакӣ низ садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар пайи пиёдагард марди 28-сола зери чархи автомашинаи "Тайота-Кемри" монда, ҷон додааст.

Лентаи хабарҳо
0