ХФМ ба муҳоҷирон: ариза барои тамдиди патент лозим намешавад

© Sputnik / Артем Житенев / Гузариш ба медиабонкИмтиҳон аз забони русӣ барои муҳоҷирон. Акс аз бойгонӣ
Имтиҳон аз забони русӣ барои муҳоҷирон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти муҳоҷирати Русия пешниҳод доранд, баъзе аз расмиёти нолозими маъмурӣ ба хотири тамдиди иҷозаи кор барои муҳоҷирон бекор карда шавад.

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия (ХФМ) дар доираи лоиҳаи нави қонун "Дар бораи бақайдгирии муҳоҷирати шаҳрвандони хориҷӣ" пешниҳод кардааст, муҳоҷирони корӣ аз ироаи ариза барои тамдиди муҳлати патент озод карда шаванд, — менависад, РИА Новости бо истинод ба нашрияи "Известия".

Ҳоло муҳоҷирони корӣ дар Русия барои се моҳ патент мегиранд. Муҳлати он замоне тамдид карда мешавад, ки асноди лозимӣ аз сӯи корфармо ба мақомоти муҳоҷират пешниҳод карда шавад. Агар дар ин муддат санадҳои лозимӣ пешниҳод нашаванду муҳоҷир фаъолияти худро идома бидиҳад, корфармо ба маблағи аз 400 то 500 ҳазор рубл ҷарима хоҳад шуд.

Муҳоҷирон дар Маскав. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Барои гирифтани патент дар Маскав муҳоҷирон 14500 рубл мепардозанд

"Маълумот дар бораи кори шаҳрвандони хориҷӣ ҳоло ҳам баъд аз супоридани андоз аз сӯи корфармо дода мешавад. Тағйироти воридшуда ироаи маълумоти такрориро, яъне пешниҳоди ариза барои тамдиди патентро бекор мекунад ва дарвоқеъ он инчунин монеаҳои маъмурӣ барои мизбон ва кори зиёдатиро ба кормандони минтақавии Хадамоти федералии муҳоҷират коҳиш медиҳад", — афзудааст, манбаъ.

Ин ниҳод инчунин тасмим дорад, пешниҳоди аризаи муҳлати ҳузур ё будубоши шаҳрванди хориҷӣ дар Русияро аз рӯи маълумоте, ки дар доираи назорати муҳоҷират гирифта мешавад, бекор кунад.

Тибқи иттилои ХФМ, аризаи хатти корфармо аз ин ба баъд лозим нахоҳад шуд, чун фаъолияти шаҳрванди хориҷӣ дар коргоҳи он тибқи маълумоти андоз муайян хоҳад шуд ва муҳлати патент ҳам ба таври автоматӣ тамдид мешавад.

Лентаи хабарҳо
0