ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба суфуфи артиши миллиро дар давоми ду рӯз иҷро кард, иброз дошт аснои сӯҳбат бо Sputnik раиси ноҳияи мазкур Абдураҳмонзода Саидбурҳон.
Ба гуфти ӯ, нақшаи даъват дар ду рӯз ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар 100% иҷро гардид.
Манбаъ афзуд, нақшаи даъват аз 25 аскар иборат буда, ҷавонписарон дар аввалин рӯзи маърака пурра аз муоинаи тиббӣ пурраи тиббӣ гузаштанд.
"Ҳамаи даъватшавандагон бо хоҳиши худ ба комиссариати ҳарбии ноҳия омаданд, аз миёни онҳо 18 нафарашон маълумоти олӣ доранд",-илова кард Абдураҳмонзода.
Ду даъватшаванда, ки дорои маълумоти олиянд, сокинони ҷамоати деҳоти Вишхарв, шаш кас аз ҷамоати деҳоти Сағирдашт ва шаш нафари дигар аз ҷамоати деҳоти Нулванд мебошанд. Даъватшудагони боқимонда сокинони маркази ноҳия — шахраки Қалъаи Хумбанд.
Сар аз 1 октябри соли равон даъвати тирамоҳии ҷавонон ба саффи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон шуруъ гардид. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 14 сентябр фармони даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбиро имзо кард. Дар ин фармон аз ҷумла омадааст, шаҳрвандони солҳои таваллуди 1988-1997-и кишвар ба хизмати ҳарбӣ даъват шаванд.
"Моҳҳои октябр-ноябри соли 2015 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синну соли калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шаванд", таъкид шудааст, дар фармони раисҷумҳур.