Қодиров: иҷоза бидиҳед бо шайтонҳои “ДИ” дар Сурия ҷанг кунем

© Sputnik / Саид Царнаев / Гузариш ба медиабонкРамзан Қодиров. Акс аз бойгонӣ
Рамзан Қодиров. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Чеченистон аз омодагии ҳарбии низомиёни кишвараш дар сатҳи олӣ хабар дода, мегӯяд, ҳамватанони ӯ омодаанд, як умр алайҳи террористон биҷанганд.

ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Чеченистон Рамазон Қодиров хостааст, хидматчиёни ҳарбии кишварашро барои мубориза бо ҷангиёни созмони террористии "Давлати исломӣ" ба Сурия фиристанд.

"Ман ҳамчун як мусулмон, як сокини Чеченистон ва як фарди ватандӯсти Русия мегӯям, ки соли 1999 вақте ҷумҳурии мо аз сӯи ин шайтонҳо тасарруф шуда буд, бо Қуръон қасам ёд карда будем, ки як умр бар зидди онҳо ҳарп ҷое набошанд мубориза мебарем. Ин ҳарфҳои ман танҳо сухан нест, балки хоҳиш мекунам, ба мо иҷоза бидиҳанд, то ба онҷо биравему дар он амалиёти вижа иштирок кунем", гуфтааст, ҷаноби Қодиров.

Ӯ инчунин қайд кард, ки хидматчиёни низомии Чеченистон дар сатҳи хеле олӣ омодагии ҳарбӣ дидаанд.

Ҳавопаймои ҷангандаи Су-24. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
ВАО: Арабистони Саудӣ хостори манъи ҳамлаҳои ҳавоии ФР дар Сурия аст

Қаблан раиси дастгоҳи Кремл Сергей Иванов гуфта буд, ки ин ҷо сухан дар бораи истифодаи нирӯҳои ҳавоӣ дар мубориза бар зидди "Давлати исломӣ" дар қаламрави Сурия меравад.

Шӯрои Федератсия —маҷлиси болоии парлумони Русия истифодаи нируи ин кишвар дар хориҷ аз Русияро рӯзи 30 сентябр ба тасвиб расонд. Масъалаи мазкур аз ҷониби Башор Асад, раисҷумҳури Сурия пешниҳод гардида, зимнан ӯ аз президенти Русия барои ҳалли низоъ дар кишвараш аз Владимир Путин дархости кӯмак карда буд.

Лентаи хабарҳо
0