ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Арабистони Саудӣ аз Русия тақозои манъи ҳамлаҳои ҳавоиро дар ҳарими Сурия дорад, иқтибос меорад шабакаи телевизионии "ал-Арабия" бо истинод ба суханони фиристодаи махсуси ар-Риёз дар СММ Абдулло ал-Муаллим.
"Мо талаб мекунем, ки амалиёти низомии Русия фавран қатъ гардида, дигар такрор нашавад",- иттилоъ медиҳад оҷонсии Рейтер бо такя ба хабари шабакаи телевизионӣ.
Ал-Муаллим дар ин бора аснои суханрониаш дар ҷаласаи Маҷмаи умумии СММ иброз дошта, нигаронии кишварашро аз амалиёти ҳарбии Русия изҳор дошт.
Ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои Русия дар Сурия дар ҳоле анҷом мегирад, ки Шӯрои Федератсия —маҷлиси болоии парлумони Русия истифодаи нируи ин кишвар дар хориҷ аз Русияро ба тасвиб расонд. Масъалаи мазкур аз ҷониби Башор Асад, раисҷумҳури Сурия пешниҳод гардида, зимнан ӯ аз президенти Русия барои ҳалли низоъ дар кишвараш аз Владимир Путин дархости кӯмак карда буд.
Ҳамин тавр, маҷлиси болоии парлумони Русия, ё ба истилоҳ Шӯрои Федератсия рӯзи 30 сентябр бо иттифоқи оро ҳуқуқи истиқрори нирӯҳои ин кишвар дар хориҷро дод