ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Як шаҳрванди Тоҷикистон бо шиносномаи қалбакӣ ҳангоми убури марзи Қирғизистон боздошт шудааст, рӯзи ҷумъа хабар додааст, ХМҚ.
"1 октябри соли 2015 ҳангоми ба қайдгирии парвози самти "Ӯш-Новосибирск" як шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми убури марзи давлатии Қирғизистон бо шиносномаи қалбакӣ аз сӯи кормандони Хадамоти марзбонӣ дар фурӯдгоҳи шаҳри Ӯш боздошт гардид", — омадааст дар иттилоияи манбаъ.
Хадамоти марзбонии Қирғизистон ному насаби шаҳрванди Тоҷикистонро, ки гӯиё қасди убури марзи ин кишвар бо шиносномаи қалбакиро доштааст, ифшо намекунад. Тибқи иттилои Хадамоти марзбонии Қирғизистон, гӯиё ҳангоми тафтиш муайян шудааст, ки шиносномаи ин шаҳрванди Тоҷикистон ба меъёрҳо ҷавобгӯ нест.
"Ҳангоми тафтиш аз шаҳрванди Тоҷикистон М.П соли таваллудаш 1989 шиносномаи қисман қалбакӣ дарёфт шуд, ки саҳифаи аслии он ба меъёрҳои стандартӣ ҷавобгӯ намебошад", афзудааст, Хадамоти марзбонии Қирғизистон.
Баъд аз иҷрои расмиёт, шаҳрванди Тоҷикистон ба кормандони воҳидҳои ҳудудии Кумитаи давлатии амнияти Қирғизистон супорида шудааст.