Дмитрий Буриев ҳамроҳ бо чанд тан аз зертобеони худ субҳи 4 сентябри соли равон дар натиҷаи як ҳамлаи мусаллаҳона дар маҳалли мавсум ба "Гардиши фурӯдгоҳ" дар шаҳри Душанбе кушта шуданд. Тибқи иттилои ВКД, ҳамлагарон узви дастаи Абдуҳалим Назарзода, муовини пешин ва кушташудаи Вазорати дифои Тоҷикистон буданд.
Рӯзи 25 сентябри соли равон раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни як маросими вижа бо наздикону пайвандони қурбониёни ҳаводиси ахир мулоқот карда, ба онҳо мукофотҳои давлатиро тақдим намуд.
— Вале қабл аз оғози маросим маро аз дарвоза берун карданду гуфтанд, инҷо истодани Шумо зарурате надорад, мегӯяд, ҳамсари фармондеҳ Рано Буриева.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, хонум Буриева қаблан ба ин маросим даъват шудаасту инчунин аз ӯ хостаанд, ки рӯзи 23 сентябр барои тамрин ба ин макон ҳозир шавад.
— Вақте ман омадам, маълум шуд, ки зарурате барои ҳузури ман дар инҷо набудааст. Аммо рӯзи дигар тамос гирифтаву гуфтанд, рӯзи 25 сентябр соати 5-и субҳ барои гирифтани мукофот ба назди Гвардияи миллӣ ҳозир шавам, илова кард, ӯ.
Хонум Буриева дар вақти муайян шуда, ба Гвардияи миллии кишвар ҳозир шуда, аммо то соати 7 субҳ касе назди ӯ наомадааст. Соатҳои тахминан 8 субҳ замоне, ки наздикону пайвандони қурбониёни дигарро бо нақлиёти вижа ба Гвардияи миллӣ овардаанд, бо ӯ тамос гирифтаву гуфтаанд, ки ба назди Шумо ҳатман нафаре хоҳад омад.
— Як полковники милитсия назди ман омаду маро аз Гвардияи миллӣ берун кард ва гуфт, инҷо истодан фоидае надорад, ту бояд ба назди вазири корҳои дохилӣ биравӣ. Маро ба як мошин савор карда, ба Вазорати корҳои дохилӣ бурданд. Дар онҷо ба дохили шуъбаи кадрҳо дароварда, баромада рафтанд. Соати 12 замоне, ки наздикону пайвандони қурбониёнро баъд аз супоридани мукофотҳои давлатӣ баргардониданд, ба ман гуфтанд, Шумо метавонед, биравед, афзуд хонум Буриева.
Ба ҳамсари фармондеҳи кушташудаи ВКД нафаре сабаби сурат гирифтани ин навъи муомала бо ӯро шарҳ надодааст. Аммо баъдан худ огаҳӣ ёфтааст.
— Вақте ман бо фармондеҳи ҳамсарам — Хуршед Муҳаммадзода тамос гирифтам, ӯ гуфт, ки мукофоти шавҳари туро ба ман супоридаанд ва он ордени Спитамен дараҷаи 2 мебошад, илова кард ӯ. Дар ҳоле ки қаблан Дмитрий Буриев бо ордени Спитамен дараҷаи 2 қадрдонӣ шудааст ва ин орден дубора дода намешавад.
Дмитрий Буриев аввалин қурбонии ҳамлаҳои мусаллаҳона алайҳи кормандони пулис дар рӯзи 4 сентябр ба шумор меравад. Ба гуфтаи афсари зиндамондаи Дастаи таъйиноти махсуси ВКД Сайёд Раҳимов он шаб дар маҳаллаи "Гардиши фурӯдгоҳ" аввалиншуда Буриев ба муқобили ҳамлагарон баромада буд, ки ҳадафи тири онҳо қарор гирифт.
— Ӯ ҳамеша зертобеони худро ҳифз мекард ва дар амалиётҳо ҳам худаш пеш аз ҳама мерафт, чун мегуфт, ки Худое накарда, агар ба яктаи онҳо ҳодисае рух диҳад, ба наздикону пайвандонашон чӣ ҷавоб хоҳам дод. Он шаб ҳам аввалин шуда ба муқобили ҳамлагарон баромадаасту ӯро куштаанд. Ҳатто бо чашмони кушода ҷон додааст, мегӯяд ҳамсари Буриев.
Хабари марги ҳамсарашро ба хонум Буриева бародари ӯ, ки дар сардхонаи экспертизаи судӣ кор мекунад, расондааст.
Дмитрий Буриев аз соли 1990 ба ин сӯ дар сохторҳои гуногуни ВКД ифои вазифа намудааст. Соли 1991 Мактаби олии нерӯи дарёию сиёсии шаҳри Киевро хатм карда, фаъолияти кориро ба ҳайси корманди милитсия дар шаҳри Душанбе оғоз кардааст. Дар гузашта дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла муовини командири рота оиди кор бо ҳайати шахсӣ, муовини аввали фармондеҳи нерӯҳои дохилӣ оид ба тайёрии ҳарбӣ кор кардааст. Баъд аз мурдан ба ӯ рутбаи полковникӣ дода шуд.