Бохти “Истиқлол” аз дастаи “ал-Кувайт” бо ҳисоби 0:4

© Официальный сайт ФК "Истиклол" / Гузариш ба медиабонкВохӯрии тимҳои "ал- Кувайт" ва "Истиқлол". 30 сентябри соли 2015
Вохӯрии тимҳои  ал- Кувайт ва Истиқлол. 30 сентябри соли  2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон аз тими “ал-Кувайт”-и Кувайт дар даври ниманиҳоии мусобиқоти Ҷоми КФО-2015 бо ҳисоби бузург шикаст хӯрд.

ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Тими "Истиқлол"-и Тоҷикистон дар даври ниманиҳоии сабқати Ҷоми КФО-2015 рӯзи гузаштаи 30-юми сентябр бо дастаи "ал-Кувайт" вохӯрда бозиро бо ҳисоби калони 0:4 бохт, менависад торнамои бошгоҳ.

Бозии “Истиқлол” ва “Кувайт”-ро доварони Эрон доварӣ мекунанд

Ин бозӣ дар даври аввали ниманиҳоии Ҷоми AFC-2015 байни «ал-Кувайт» ва «Истиқлол» дар варзишгоҳи «Al Kuwait Sports Club Stadium Kaifan» баргузор шуд. Муаллифи се гол бозигар Винисиус Лопес буд, ки дар дақиқаҳои 40-ум, 80-ум (зарбаи ҷаримавӣ) ва дақиқаи 86-ум тӯбро ба дарвози "Истиқол" ворид кард.

Дар дақиқаи иловагии 92-юм (90+2) ҳамлагари кувайтӣ Ҳусейн ал-Ҳарбӣ голи 4-умро ба ҳадаф расонида, пирӯзии комили дастаашро таъмин кард.

Тибқи иттилоъ, 21-уми октябр марҳилаи 1/2 финалии бозиҳои ҷавобии "Истиқлол"-и Тоҷикистон аз  "ал-Кувайт"-и Кувайт баргузор мегардад.

Манбаъ менависад, 28-уми сенябр тими "Истиқлол"-и Тоҷикистон дар ҳайати 16 бозигар бо раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев озими Кувайт шуда буд.

КФО-2015: “Истиқлол” шикаст хӯрд, аммо ба даври ниманиҳоӣ баромад

Рӯзи 26-уми майи соли равон тими "Истиқлол"-и Душанбе дастаи "Ал-Ваҳда"-и Сурияро шикаст дода, барои нахустин бор як бошгоҳи миллии кишвар ба даври чорякниҳоии Ҷоми AFC-2015 роҳхат гирифт. То ин замон, 16-уми сентябр дастаи "Истиқлол"-и Душанбе дар бозӣ бо тими "Паҳанг"-и Малайзия дар он кишвар бо ҳисоби 3:1 мағлуб шуд, аммо ба даври нимфиналӣ баромад, зеро ҳисоби умумии голҳо миёни "Истиқлол" ва "Паҳанг" 5:3 ба нафъи дастаи Тоҷикистон буд.

Тими "Истиқлол", ки се бор Қаҳрамони футболи Тоҷикистон шудааст, барои бори нахуст ба даври ниманиҳоии Ҷоми AFC-2015 роҳхат гирифтааст.

Лентаи хабарҳо
0