ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Тими "Истиқлол"-и Душанбе, қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон дар бозии ҷавобии даври чорякниҳоии мусобиқоти Ҷоми КФО-2015 аз дастаи "Паҳанг"-и Малайзия бо ҳисоби 3:1 мағлуб шуд, менависад сомонаи ФФТ.
Ин бозӣ рӯзи чоршанбеи 16 сентябар дар Куантани Малайзия сурат гирифт. Тӯби ягонаи дастаи "Истиқлол"-ро Хуршед Маҳмудов ба дарвозаи ҳариф ворид кард. Аммо новобаста аз ин шикаст "Истиқлол" ба даври ниманиҳоӣ роҳхат гирифт, чун натиҷаи ду бозӣ 5:3 ба нафъи футболбозони тоҷик аст.
Дар бозии аввали даври чаҳорякниҳоии Ҷоми КФО, ки 26 август дар Тоҷикистон баргузор шуд, "Истиқлол" тими "Паҳанг"-ро бо ҳисоби бузурги 4:0 шикаст дода буд.
Дар даври ниманиҳоӣ бошад, рӯзи 30 сентябр дастаи "Истиқлол"-и Душанбе бо тими "Кувейт" вориди рақобат мешавад, бозии ҷавобии ин ду даста дар пойтахти кишвар 21 октябр баргузор мегардад.
Тими "Истиқлол" таҳти роҳбарии сармураббӣ — Мубин Эргашев дар ҳайати шонздаҳ бозигар ба Малайзия рафта буд. Дарвозабонҳо: Никола Стошич, Алишер Туйчиев; ҳимоятгарон: Сиёвуш Асроров, Петро Ковалчук, Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ, Аҳтам Назаров, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Эраҷ Раҷабов ва нимҳимоятгарон: Нуриддин Давронов, Хуршед Маҳмудов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Парвизҷон Умарбоев, Ромиш Ҷалилов, Дилшод Восиев; Ҳамлагарон: Бледа Родригес, Манучеҳр Ҷалилов.