Кохи сафед: алайҳи Гулмурод Ҳалимов таҳрим ҷорӣ шуд

© SputnikАкс аз навори видеоии марбут ба Гулмурод Ҳалимов
Акс аз навори видеоии марбут ба Гулмурод Ҳалимов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи дастаи таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон моҳи майи соли равон ба саффи ҷангиёни созмони террористии “Давлати исломӣ” пайвастааст. Ҳоло исми ӯ ба руйхати афроде ворид гардидааст, ки алайҳи онҳо аз сӯи Амрико таҳрим эълон шудааст.

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Номи собиқ фармондеҳи фирории дастаи таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов ба хотири ҳамкорӣ бо "Давлати исломӣ" ба руйхати "сиёҳ"-и Кохи сафед ворид шудааст, хабар медиҳад Департаменти давлатии Амрико.

Шаҳрванди Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов дар гузашта фармондеҳи дастаи таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии кишвар буд. Охирҳои моҳи майи соли равон хабари пайвастани он ба саффи "Давлати исломӣ" расонаӣ шуд. Дар пайи ин хабари марги ӯ низ ба матбуот роҳ ёфт, ки ҷонибдоронаш бо нашри аксҳои ӯ гуфтанд, Ҳалимов маҷруҳ мебошад.

"Мақомоти Амрико алайҳи воҳидҳои созмони террористии "Давлати исломӣ" дар минтақаи Қафқоз ва бархе аз раҳбарони он, ки дар куштани шаҳрвандони Русия муттаҳаманд, таҳрим ҷорӣ кардаанд", афзудааст манбаъ.

Акс аз филми 13 дақиқаии Гулмурод Ҳалимов дар бораи пайвастанаш ба ДИИШ - Sputnik Тоҷикистон
Расонаҳо: дар Сурия Гулмурод Ҳалимов ба ҳалокат расид

Тибқи иттилои Департаменти давлатии Амрико, ба ин руйхати террористҳо номи Рустам Аселдеров, маъруф ба "Амири Қафқоз", ки моҳи декабри соли 2014 аз сӯи раҳбарияти созмони "Давлати исломӣ" дар Қафқози шимолӣ амир интихоб шуд, шомил аст. Дар иҷрои ҳамлае гумонбар аст, ки дар пайи он моҳи сентябри соли равон шаҳрвандони Русия кушта шудаанд. Тибқи санади нашрнамудаи Вазорати молияи Амрико Аселдеров бо номи Абӯмуҳаммад ал-Қодирӣ ҳам маъруф аст.

Инчунин ба ин руйхат номи Тарҳан Ғозиев, ки бо ҷангиёни Қафқози шимолӣ аз соли 2003 ба ин сӯ ҳамкорӣ дорад ва Шамил Измайлов, раҳбари ҷангиёни русзабони "Давлати исломӣ" ворид карда шудааст.

Додситони кулли Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Барои таҳқиқи амалҳои Гулмурод Ҳалимов ситод ташкил шуд

Ғозиев шаҳрванди Русия буда, дар ҷумҳурии Чеченистони ин кишвар соли 1965 ба дунё омадааст. Аз соли 2007 фармондеҳии фронти ҷанубу ғарби "Аморати Қафқоз"-ро бар уҳда дошт. Соли 2010 тавассути хоки Туркия ба Сурия рафта, фармондеҳии гуруҳи "Тарҳан Ҷамоат"-и "Давлати исломӣ"-ро бардӯш гирифт.

Шамил Измайлов соли 1980 ба дунё омада, бо номи Абӯ Халиф ҳам машҳур аст. Сокини вилояти Астрахани Русия мебошад. Тибқи иттилои мақомоти амрикоӣ, ӯ қабл аз рафтан ба Сурия дар соли 2012 тамриноти низомӣ дида, баъдан бахши тамрингоҳи шахсии худро дар Миср ташкил намудааст. Соли 2013 раҳбарии ҷангиёни русзабони "Давлати исломӣ"-ро бар уҳда гирифт.

Лентаи хабарҳо
0