Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон: аз таъсис то имрӯз

© Sputnik / Амир ИсаевҚароргоҳи марказии ҲНИТ дар Душанбе, кӯчаи Борбад. Акс аз бойгонӣ
Қароргоҳи марказии ҲНИТ дар Душанбе, кӯчаи Борбад. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маълумотнома дар бораи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон(ҲНИТ), ҳизби умдаи мухолиф дар кишвар, ягона ҳизби сиёсии расмиии динӣ дар маҳдудаи пасошӯравӣ ба шумор меравад.

Муассиси ин ҳизб, Сайид Абдуллоҳ Нурӣ яке аз ҷонибдорони фаъоли ташкили давлати исломӣ дар Тоҷикистон буд. Ӯ фаъолияти пасипардагии худро соли 1973 шурӯъ карда, созмони ҷавонони мусулмон — "Наҳзати исломӣ"-ро таъсис медиҳад, ки ҳанӯз дар замони шӯравӣ пинҳонӣ фаъолият мекард.

Ин гурӯҳи дар оғоз хурду маҳдуд дар нимаи соли 1980 табдил ба як шабакаи пинҳонкори муназзам шуд, ки давоми ду сол ба таври махфӣ рӯзномаи "Ҳақиқати Ислом"-ро нашр кард.

22 июни соли 1986 дар шаҳри Душанбею навоҳии водии Вахш 40 узви фаъоли ин ҳизб боздошт шуда, худи Сайид Абдуллоҳ Нурӣ барои 1,5 сол дар ноҳияи Ёвон аз озодӣ маҳрум гардид.

Моҳи июни соли 1990 намояндаҳои ин ҳизб — Давлат Усмон ва Сайидиброҳим Гадоев (Сайидиброҳими Назар) дар Анҷумани муассисони Ҳизби наҳзати исломии ИҶШС (СССР) дар шаҳри Астрахан иштирок мекунанд. Онҳо баъд аз бозгашт аз Русия расман ба Шӯрои олии Тоҷикистон муроҷиат карда, барои баргузории конфронси муассисони ҲНИТ иҷоза мехоҳанд, ки дар натиҷа ҷавоби рад мегиранд.

26 октябри соли 1990 ҲНИТ конфронси муассисони худро дар кохи "Ваҳдат" (собиқ ЭКОМПТ) баргузор мекунад ва дар ин ҳамойиш Муҳаммадшариф Ҳимматзода раиси ҳизб интихоб мегардад.

Меҳвар ва дурнамои  ҳизб дини Ислом эълон шуда, вазифаи он таъсиси давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд хонда шуд. Дар он замон ин ҳизб 20 ҳазор узв дошт.

Соли 1991, замони пошхурии СССР (Иттиҳоди ҷамоҳири шӯравӣ) ҲНИТ бо неруҳои дигари мухолифин муттаҳид мешавад. Бо фишори эътирозгарони гирдиҳамомада Шӯрои олии Тоҷикистон қарори манъи фаъолияти ҲНИТ ва гурӯҳҳои дигари мухолифинро бекор мекунад.

Соли 1991 ҲНИТ ягона ҳизби сиёсии динӣ дар Осиёи Марказӣ ба шумор мерафт, ки намояндагони он дар интихобот иштирок мекарданд. Ин ҳизб натоиҷи интихоботи президентии соли 1991-ро эътироф накарда, ҳамроҳ бо гуруҳҳои дигари мухолифини тоҷик гирдиҳамоиҳои эътирозиро ташкил кард.

Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ (1992-1997) Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба суфуфи Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик пайваст, ки бо Фронти халқӣ дар ҳоли мубориза буд.

Моҳи ноябри соли 1992 дар пайи шикасти иттиҳоди неруҳои мухолифин раҳбарони ҲНИТ ё ба кишварҳои хориҷ фирор ва ё ба шарқи Тоҷикистон паноҳ бурданд. Солҳои 1993-2006 раҳбарии ҲНИТ-ро Сайид Абдуллоҳи Нурӣ бар уҳда дошта, он замон яке аз чеҳраҳои бонуфузи миёни руҳониён ба шумор мерафт. Баъд аз вафоти Абдулло Нурӣ дар соли 2006 Муҳиддин Кабир раҳбарии ин ҳизбро ба зимма гирифт.

Моҳи июни соли 1997 Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ҳамроҳ бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зери Созишномаи сулҳе имзо гузоштанд, ки ба ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар нуқта гузошт. То соли 2000 Сайид Абдуллоҳи Нурӣ Комиссияи оштии миллиро, ки барои татбиқи Созишномаи сулҳ дар Тоҷикистон ташкил шуда буд, раҳбарӣ мекард.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар интихоботи парлумонии соли 2005 иштирок ва соҳиби ду курсӣ дар Маҷлиси намояндагони кишвар шуд. Соли 2010 дар интихоботи навбатии парлумонии Тоҷикистон иштирок карда, 8,2% раъйи мардумро ба даст овард, ки боз ҳам шумори курсиҳои он дар Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони кишвар аз марзи ду адад убур накард.

Соли 2011 дар Анҷумани IX-и Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ дубора раиси ин ҳизб интихоб гардид.

Дар интихоботи парлумонии 1 марти соли 2015 Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон натавонист, раъйи лозимӣ барои дарёфти курсӣ дар парлумонро ба даст орад, яъне маҷмӯъи раъйи ба дастовардаи ин ҳизб аз сӯи Кумиссиюни марказии интихоботи кишвар 1,5% эълон шуд.

Ба иддаои масъулини ҲНИТ, ин ҳизб дар ҳоли ҳозир беш аз 40 ҳазор узв дорад.

28 августи соли равон Вазорати адлияи Тоҷикистон аз раҳбарияти ҲНИТ хост, фаъолияти ҳизби худро қатъ кунанд, чун ба иддаои вазорат аксари ташкилотҳои ибтидоии ин ҳизб дар шаҳру навоҳии кишвар дигар фаъолият надоранд.

Раҳбари ҲНИТ, Муҳиддин Кабирӣ баъд аз интихоботи парлумонии 1 марти соли равон кишварро тарк кард. Анҷумани 12-и интихоботию ҳисоботии ҲНИТ баргузор нашуд, чун ба дари қароргоҳи марказии он рӯзи 24 август бо дастури Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе муҳр зада шуд.

Рӯзи 17 сентябри соли равон Додситонии кулли Тоҷикистон бо нашри як изҳорот боздошти 13 узви фаъоли ҲНИТ-ро тасдиқ карда, гуфт, онҳо ба иттиҳоми ҳамдастӣ бо амалҳои генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини кушташудаи вазири дифои кишвар дастгир гардидаанд.

Тибқи иттилои Додситонии кулли кишвар, генерал Назарзода гӯиё бо дастури бевоситаи Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ беш аз 20 гуруҳи хурди мусаллаҳ ташкил кардааст, ки мехост бо истифода аз онҳо оромии Тоҷикистонро барҳам занад.

Лентаи хабарҳо
0