ВАО: Қундуз ба зудӣ аз “Толибон” пок мешавад

© APҶонибдорони "Толибон" аксу овезаҳоро аз кӯчаҳои Қундуз мекананд, 29 сентябри соли 2015
Ҷонибдорони Толибон аксу овезаҳоро аз кӯчаҳои Қундуз мекананд, 29 сентябри соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
неруҳои низомӣ ва амниятии кӯмакрасон аз Кобул ба вилояти Қундуз расида, мунтазири амр барои поксозии шаҳр аз ҷангиён ҳастанд.

ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Мақомоти интизомӣ ва амниятии Афғонистон мегӯянд, барои бозпас гирифтани шаҳри Қундуз аз дасти Толибон садҳо сарбоз ба фурудгоҳ ва чанд иншооти  дигари шаҳр фиристода шуда, ба зудӣ ҷангиёни ифротгароро аз маркази вилоят берун хоҳанд кард, иттилоъ медиҳад хабаргузории "Тулӯъ".

Тасарруфи Қундуз аз сӯи Толибон

Ба навиштаи сарчашма, ҷангиёни "Толибон" рӯзи душанбе аз се ҷониб ба шаҳри Қундуз ҳамла карда, чандин бахши ин шаҳрро ба тасарруфи худ дароварданд. Расонаҳои Афғонистон иттилоъ медиҳанд, ки террористон  иншооти мухталиферо дар Қундуз ба оташ кашида ва хонаҳову дороии мардумро ғорат кардаанд.

Ҳамалоти низомии террористон соати сеи субҳи рӯзи гузашта оғоз шуда, шӯришчиён ба хотири ҷилавгирӣ аз вуруди неруҳои мусаллаҳ ва фирори сокинони маҳал чор дарвозаи шаҳрро бастаанд. Ҳамчунин  террористони гурӯҳи "Толибон" назорати зиндони маҳаллиро ба даст гирифта кулли маҳбусинро озод кардаанд.

Фармондеҳи неруҳои хушкигарди артиши Афғонистон генерал Муродалӣ Мурод иброз доштааст, ки вазъияти пешомада дар Қундуз барои мо қобили таҳаммул нест ва мо суботи ин шаҳрро барқарор менамоем.

Дар ҳамин ҳол, неруҳои низомӣ ва амниятии кӯмакрасон аз  Кобул ба вилояти Қундуз расида, мунтазири амр барои поксозии шаҳр аз ҷангиён ҳастанд.

Лентаи хабарҳо
0