ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Имрӯз дар додгоҳи низомии вилояти Суғд мурофиа судӣ оғоз шуда, ҷонибҳо баромад хоҳанд кард, менависад ОИ "Tojnews".
"Дар назар аст, ки суд то баъди зӯҳр ҷонибҳоро шунида, пас аз он ҳукми худро дар робита ба омилони марги Раҳматов содир кунад",-менависад манбаъ.
Мурофиаи додгоҳӣ алайҳи ду сержант ва як сарбоз, ки дар қатли Фирдавс Раҳматов, сарбози вазорати мудофиа муттаҳам мешаванд, 4-уми сентябр оғоз шуда буд.
Маврид ба тазаккур аст, ки баъд аз марги сарбоз Раҳматов инчунин алайҳи собиқ афсарони вазорати мудофиа Маҳмадов Р. Ҳомидов Обидҷон ва Ҳабибулло Ҳакимов бо иттиҳоми хунукназарӣ парванда боз шуда буд. Қаблан онҳо аз иштирок дар мурофиа худдорӣ карда буданд. Ин афсарони қисми ҳарбии 04080 воқеъ дар ноҳияи Конибодом дар пайи марги Фирдавс Раҳматов дар 7-уми июни соли равон аз вазифаҳояшон барканор шуда буданд.
Фирдавс Раҳматов баҳори соли равон ба сафи артиши Тоҷикистон даъват гардида, ҳамагӣ баъди як моҳ аз лату кӯби ҳамхизматонаш ба ҳалокат мерасад. Мақомот ба марги ӯ Раббонӣ Сулаймонов ва Комрон Раҳимов, сержант ва ефретори қисми ҳарбии 04080-и шаҳри Конибодом ва сарбози қаторӣ Айём Назаровро муттаҳам медонанд.
Вазири дифоъи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо дар пайи ин ҳодиса фармондеҳони ин қисми низомиро аз вазифаҳояшон барканор кард.