ДУШАНБЕ, 25 сен- Sputnik. Саломат Пирова, як модари ҷавон аз шаҳрак Кирови ноҳияи Вахш бо се тифлаш худро ба дарё андохтааст, ки дар натиҷа худи ӯ наҷот ёфта, фарзандонаш ба ҳалокат расидаанд, гуфт муовини раиси ин шаҳрак Ёрмаҳмад Асоев дар суҳбат бо Sputnik.
Ин қазия 21 сентябри соли равон рух додааст. Ба қавли ҷаноби Асоев, модари ҷавон феълан дар беморхонаи касалиҳои руҳии вилояти Хатлон дар ҳолати беҳушӣ бистарӣ аст.
"Ин ҷавонзан қаблан низ мушкили равонӣ доштааст", — афзуд ҳамсуҳбати мо.
Муовини раиси шаҳраки Киров тасдиқ кард, ки се тифли ин зан — Алишери 4-сола, Садбарги 2-сола ва Сумайяи 6-моҳа дар дарё ғарқ шудаву ба ҳалокат расидаанд.
"Тифлон аз дарё берун оварда шуд ҷасадҳояшон ба хок супорида шуд", — афзуд Асоев.
Ин дуюмин ҳодиса тайи се моҳи охир дар Тоҷикистон аст, ки модар бо қасди худкушӣ бо се тифлаш худро ба дарё меандозаду худ зинда ва ҷасади беҷони тифлонаш аз об берун карда мешавад. 8 июли соли равон Парвина Абдуллоева, сокини ноҳияи Ёвон барои қасос аз шавҳар бо се кӯдакаш худро дар шаҳри Душанбе ба канали "Ҳисор" партофта буд, ки дар натиҷа худаш ҷон ба саломат бурд, вале фарзандонаш — Оминаи 5-сола, Маҳинаи 6-сола ва Зиёвуддини 7-сола ҳалок гардиданд.