Мақомот: як модар дар Душанбе худ ва се кӯдакашро ба канал партофт

© Flickr \ PaulАкс дар об
Акс дар об - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Як сокини ноҳияи Ёвон, ки тайи чанд соли охир дар Душанбе сукунат дошт, худу се фарзандашро ба дарё андохтааст. Дар натиҷа, зан аз об зинда берун оварда шуд, аммо се фарзандаш ба ҳалокат расидаанд.

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Парвина Абдуллоева, як сокини шаҳри Душанбе, ки худро ҳамроҳи се фарзанди кӯчакаш ба канали Ҳисор, воқеъ дар маҳаллаи Ҳаёти нави ноҳии Сино андохта, қасди худкушӣ доштааст, аз об зинда берун оварда шуд, менависад "Радиои Озодӣ".

Ваде ба қавли Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, се фарзанди Парвина; Оминаи 5-сола, Маҳинаи 6-сола ва Зиёвуддини 7-соларо мурда дарёфтаанд.

Ин ҳодиса шаби 4 июл рух дода, сокинони маҳаллаи Ҳаёти Нав танҳо баъд аз доду фарёди Парвина Абдуллоева аз қазия огоҳ ва наҷотбахшонро даъват кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, аз Шӯъбаи корҳои дохилии "Сино-2"-и шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Парвина Абдуллоева ҳоло дар бемористони Қарияи Болои пойтахт бистарӣ аст. Навбатдори пулис гуфт, ин зан гӯиё дар натиҷаи муноқишаи оилавӣ ба нишони норозигӣ аз издивоҷи дигарбораи шавҳараш, даст ба чунин амал задааст. Ин фарзия аз забони мақомот садо дода, ҷузъиёти дигараш то кунун маълум нест.

Ҳоло Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино дар робита ба ин ҳодиса парванда боз карда, тафтишотро идома медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0