Нақби “Истиқлол” кушода шуд

© Flickr \ Chris PriceНақби "Истиқлол". Акс аз бойгонӣ
Нақби Истиқлол. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳаракати нақлиёт тавассути нақби “Истиқлол” дар гарданаи Анзоб, ки пойтахти Тоҷикистонро бо шимоли кишвар мепайвандад, дубора ба роҳ монда шуд.

ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Субҳи ҷумъаи 25 сентябр рафтуо тавассути нақби "Истиқлол" дар гарданаи Анзоб, ки пойтахти Тоҷикистонро бо шимоли кишвар мепайвандад, дубора оғоз шуд, гуфт Қурбон Саидов, сардори Раёсати нақлиёти роҳи заминии Вазорати нақлиёт дар суҳбат бо Sputnik.

Қоҳир Расулзода. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Нахуствазир дар нақби “Истиқлол” бо коргарону муҳандисон вохӯрд

Қурбон Саидов афзуд, ки нақби "Истиқлол" дар пайи боздид ва иҷозаи як кумисиюни давлатӣ бо шумули генерал Маҳмадсаид Саидзода, сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати умури дохилӣ ва намояндагони Вазорати нақлиёти кишвар ифтитоҳ шудааст.

Шуруи рафтуо тавассути нақб дар ҳолест, ки ба гуфтаи ҷаноби Саидов, таҷҳизоти ҳавотозакунӣ дар он ҳанӯз фаъол карда нашудааст. 

Ин масъули вазорат афзуд, феълан давоми 5-6 дақиқа нақлиёт метавонад аз дохили нақб убур кунад, дар ҳоле, ки қаблан гузаштан аз дохили нақб аз ним соат то 40 дақиқа вақтро мегирифт.

Нақбе дар роҳи Душанбе - Хуҷанд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Интиқоди сарвазир аз ҷараёни таъмири нақби “Истиқлол”

Бунёди нақби "Истиқлол", ки дар гарданаи Анзоб воқеъ аст ва шаҳри Душанберо бо шимоли кишвар пайваст мекунад, аз соли 1998 бо кумаки молии Эрон аз ҷониби ширкати "Собир Интернешнл" оғоз шуд. Моҳи майи соли 2003 Душанбе ва Теҳрон барои анҷоми корҳои сохтмонӣ Ёддошти тафоҳум тасвиб карданд.

Барои иҷрои ин тарҳ 39 миллион доллар ихтисос шуда, аз ин миён 21 миллион доллар кумаки билоивази Эрон мебошад. Бо вуҷуди ифтитоҳи расмии нақб қаблан вазъи он ногувор буда, мусофирон зимни убур ба мушкилиҳо дучор мешуданд.

Охири моҳи июни соли равон рафтуо тавассути ин нақб дубора маҳдуд шуда, дар асоси созишномаи дуҷониба миёни ҳукумати Тоҷикистону Эрон корҳои бозсозию бастани маҷрои об дар мавзеъҳои алоҳида, бетонрезии қабати болоии роҳ, равшаннамоӣ сурат гирифт.

Лентаи хабарҳо
0