ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 25 сентябр барои ширкат дар иҷлосияи 70-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба шаҳри Ню-Йорки Амрико сафар кард, менависад сомонаи президент.
Дар фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе Эмомалӣ Раҳмонро Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, Қоҳир Расулзода, сарвазири кишвар, Бахтиёр Худоёрзода, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент ва дигар шахсони расмӣ гусел намудаанд.
Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷӣ, Эркинхон Раҳматуллозода, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва чанд тан аз шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Дар назар аст, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон ва сарвазири Таиланд рӯзи 27 сентябр дар шаҳри Ню-Йорки Амрико ҳамоиши байналмилалии сатҳи баланд оиди ҳамкорӣ дар соҳаи обро роҳбарӣ хоҳанд кард, ки дар ҳошияи Саммити СММ оид ба рушди устувор баргузор мешавад.
Ин сафари Э.Раҳмон дар ҳолест, ки моҳи июни соли равон Пан Ги Мун, дабири кулли СММ дар ҳошияи Конфронси натиҷагирӣ аз Даҳсолаи байналмилалии амалиёти "Об барои ҳаёт" дар Душанбе раисиҷумҳури Тоҷикистонро ба Ню-Йорк даъват намуда буд. Пан Ги Мун аз Эмомалӣ Раҳмон даъват карда буд, ки ба ҳайси роҳбари давлати ташаббускор дар ҳаллу фасли мушкилоти ҷаҳонии вобаста ба об, энергетика, гармшавии иқлим ва таъмини рушди устувор, аз ҷумла аз тариқи истифодаи васеъ аз иқтисоди сабз, имсол дар иҷлосияи навбатии Маҷмаи умумии СММ дар шаҳри Ню-Йорк иштирок намояд.