СММ ба ҶТ машварат дод, ки барномаи ҳимояи ҳуқуқи инсонро таҳия кунад

© Flickr \ Julian Rotela RosowНишони СММ
Нишони СММ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аъзои Комитети СММ дар умури ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ аз мизони баланди фасод дар бахши иҷтимоӣ ва адами талоши додгоҳҳо барои риояи меъёрҳои байналмиллалии ҳуқуқӣ ва камбуди кафолати баробарҳуқуқии зану мард изҳори нигаронӣ карданд.

ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Коршиносони Комитети СММ дар умури ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар анҷоми нишасти ҷаласаи худ дар Женева ба адами барномаи таъмини ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ишора карданд, хабар дод Радиои СММ рӯзи душанбе.

Комитети СММ дар умури ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ баррасии гузоришҳои Гамбия, Парагвай ва Тоҷикистонро анҷом дода дар натиҷа ба Тоҷикистон машвартҳои худро ироа кард.

Коршиносон, омадааст дар гузориш, ба ин нукта ишора кардаанд, ки дар Тоҷикистон барномаи ҳимояи ҳуқуқи инсон таҳия нашудааст.

Аъзои Комитет аз мизони баланди фасод дар бахши иҷтимоӣ, каноргирии судяи додгоҳҳо аз риояи мавозини байналмиллалии ҳуқуқӣ ва адами кафолати баробарҳуқуқии зану мард изҳори нигаронӣ карданд.

Дар Комитет ба мизони ниҳоят пойини махориҷи давлатӣ ба бахши тандурустӣ ишора карданд, ки ҳатто дар муқоъиса бо кишварҳои ҳамсони дар ҳоли рушд камтар будааст.

Зикр мешавад, ки намояндагони СММ ҳамчунин ба иқдомоти давлати Тоҷикистон барои пуштибонии муҳоҷирони кории аз Русия баргашта ва хонаводаҳои онҳо таваҷҷӯҳ кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0