ВАО: рӯбарӯкунии шарики Ҳоҷӣ Ҳалим бо Муҳаммадалӣ Ҳайит

© Страница М. Хаита в FacebookМуҳаммадалӣ Ҳайит. Акс аз бойгонӣ
Муҳаммадалӣ Ҳайит. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Расонаҳо аз қавли Ҷамшед Ёров, вакили дифои Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини боздоштшудаи раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон хабар додаанд, ки мақомот зерҳимояи ӯро бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноии кишвар айбдор мекунанд.

ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Маҳмадалӣ Ҳайит, ноиби боздоштшудаи раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон баъди зуҳри 22 сентябр бо яке аз шарикони дастгиршудаи Ҳоҷӣ Ҳалим рӯбарӯ карда шудааст, менависанд расонаҳои хабарии Тоҷикистон.

Ин муовини раиси ҲНИТ рӯзи 16 сентябр дар пайи эълони анҷоми амалиётҳои вижаи мақомоти қудратии Тоҷикистон барои нобуд кардани дастаи генерали кушташуда Абдуҳалим Назарзода ҳамроҳ бо 12 узви Раёсати олии ин ҳизб боздошт гардидааст.

Қароргоҳи марказии ҲНИТ дар Душанбе, кӯчаи Борбад. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон: аз таъсис то имрӯз

То кунун нисбати онҳо мақомоти тафтишотӣ иттиҳоми хосеро эълон накардаанд ва интизор меравад рӯзи ҷумъа ва ё шанбе ин иттиҳом ироа шавад. Додситонии кулли Тоҷикистон танҳо бо нашри як изҳорот гуфт, онҳо дар ҳамдастӣ бо гуруҳи генерал Назарзода муттаҳаманд.

Баъд аз нашри ин изҳорот мақомоти қудратии Тоҷикистон бо намоиши як гузориш тавассути Шабакаи аввал гуфтанд, ҲНИТ қасди ҳамла ба як чанд иншооти муҳими давлатиро доштааст.

Дар рӯбарӯкунии зуҳри 22 сентябр ҳам узви боздоштшудаи дастаи Назарзода гуфтааст, Муҳаммадалӣ Ҳайитро дар канори Муҳиддин Кабирӣ, раис ва дигар азъзои фаъоли ҲНИТ дар таърихи 6 марти соли ҷорӣ дар манзили зисти Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ-Ҳалим дидааст, ки нақшаи ҳамла ба иншоотҳои давлатиро баррасӣ мекарданд.

Ин дар ҳолест, ки тавре расонаҳо аз қавли Ёров хабар медиҳанд, Муҳаммадалӣ Ҳайит баёноти шоҳидро тӯҳмат дар нисбати худаш, Муҳиддин Кабирӣ ва дигар фаъолони ҲНИТ хондаааст.

Ёров гуфтааст, феълан ифтитоҳи парвандаҳои ҷиноӣ аз рӯи се моддаи Кодекси ҷиноӣ — 179 (террор), 104 — (одамкушӣ), 187 — (ташкили иттиҳоди ҷиноӣ) алайҳи зерҳимояаш дар назар аст.

Талошҳои Sputnik барои тамос бо Ёров ба хотири гирифтани иттилои бештар бенатиҷа буданд.    

Лентаи хабарҳо
0