Тирандозони пойгоҳи 201 дар кӯҳистон гурӯҳи ҷиноиро "маҳв" карданд

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкЧархболҳои Ми-8 ва Ми-24 дар тамринҳои низомӣ. Акс аз бойгонӣ
Чархболҳои Ми-8 ва Ми-24 дар тамринҳои низомӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷузъу томҳои пойгоҳи 201 вазорати дифоъи Русия дар Тоҷикистон навҳаи омӯзиширо тақвият дода тамринҳои худро дар манотиқи кӯҳистонии наздик ба шароити ҷангӣ анҷом медиҳанд.

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Гурӯҳҳои тирандози пойгоҳи низомии Русия амали маҳви ҷангҷӯён дар назди қаторкӯҳи Ҳисорро анҷом дода ва дар ин амр ба онҳо чанд адад чархболҳои низомӣ мусоъидат кардаанд, хабар медиҳад рӯзи ҷумъа сомонаи Ҳавзаи ҷанубии низомӣ.

"Низомиёни ҷузъҳои тирандози савора, танкӣ, мушакандозу норинҷакандоз навҳаи ҷустуҷӯ, муҳосира ва маҳви "душман", зарбаҳои ҳавоӣ бо истифода аз таҷҳизоти ҷадиди фаннии ошкорсозӣ ва интиқоли чатрбозон барои ҷилавгирии гурӯҳҳои ақибнишин дар шароити кӯҳистониро тамрин карданд", — омадааст дар хабар.

Дар ин тамрин беш аз 600 нафар сарбозон ва афсарон ширкат ва аз беш аз 100 адад васоили фаннии низомӣ истифода карданд.

Лентаи хабарҳо
0