ВКХ: Омилони ҳамла ба сафорати Русия дар Димишқ хоҷагони хориҷӣ доранд

© Sputnik / Андрей Стенин / Гузариш ба медиабонкВазъият дар Сурия
Вазъият дар Сурия - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати корҳои хориҷии Русия дар робита ба тирборон шудани сафорати ин кишвар дар Сурия аз аъзои ҷомеаи байналмилалӣ бо шумули кишварҳои минтақа мавқеи равшан ва иқдомҳои ҷиддиеро интизор аст.

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Сафорати Русия дар шаҳри Димишқи Сурия аз сӯи ҷангиёни мухолифи ҳукумати ин кишвар мавриди ҳамла қарор гирифтааст, мегӯяд ВКХ-и Русия.

"Ҳамлаи террористӣ ба сафорати Русия дар Димшқро шадидан маҳкум карда, интизори мавқеи равшани ҳамаи аъзои ҷомеаи байналмилалӣ бо шумули кишварҳои минтақа мебошем. Мо интизори на танҳо сухану изҳорот, балки иқдомҳои ҷиддӣ ҳастем",- омадааст дар изҳорот.

"Сафорати Русия аз тарафи ноҳияи Ҷобар, ки таҳти идораи ҷангиёни мухолифи ҳукумати Сурия қарор дорад, тирборон шудааст. Онҳо ҳеч рабте ба созмони террористии "Давлати исломӣ" надоранд. Аммо сармоягузорони хориҷие доранд, ки масъулияти ин ҳамлаҳои мусаллаҳонаи ғайриқонунӣ бар дӯши онҳост", — афзудааст манбаъ.

Субҳи рӯзи сешанбе соатҳои 15:25 ба вақти маҳаллӣ бинои сафорати Русия дар Димишқ ҳадафи гулулаҳои миномет қарор гирифт. Яке аз ин гулулаҳо тақрибан 15 метр дуртар аз даромадгоҳи марказии сафорат таркида, дуюмӣ бо сурох кардани девори гирди сафорат ба дохили яке аз утоқҳои кории бино роҳ ёфт. Аммо касе аз кормандони сафорат осеб надидааст.

Лентаи хабарҳо
0