Шаби эҷодии Махфират Ҳамроқулова барои тоҷикони Маскав

© Страница Мухаммада Эгамзода в FacebookМахфират Ҳамрақулова дар шаби эҷодии худ дар Хонаи миллии шаҳри Маскав
Махфират Ҳамрақулова дар шаби эҷодии худ дар Хонаи миллии шаҳри Маскав - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Овозхони машҳури тоҷик ба хотири ҳамватанони худ дар шаҳри Маскави Русия рӯи саҳна баромадааст. Дар ин консерт шумори зиёди тамошобинон гирдиҳам омада буданд, ки истеъдод ва ҳунари ин сароянда онҳоро ба ваҷд овард.

ДУШАНБЕ, 21 сентября — Sputnik. Дар Хонаи миллии шаҳри Маскав шаби эҷодии сарояндаи шинохта аз ансамбли "Гулшан", Махфират Ҳамроқулова баргузор шуд.

Тавре худи ҳозирин ва иштирокдорони ин маҳфил дар саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, шаби эҷодии мазкур бо ҳузури шумори зиёди тамошобинон ба таври бесобиқа баргузор шудааст.

Хонум Ҳамроқулова дар оғози солҳои 90-уму шуруи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон кишварро ба қасди зиндагӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тарк карда буд.

Ташкилкунандаи ин маҳфил Муҳаммад Эгамзод дар саҳифаи Фейсбуки худ навиштааст, ки ин шом бисёр фавқулода ва бо ҳузури шумори зиёди иштирокдорон барпо гардидааст.

"Дар толор тамошобини бетарафе дида намешуд. Тамоми ҳозирин ғарқи дарёи эҳсосу хотираҳо буданд. Бисёр шаби хубу мусиқии фавқулодае буд, ки иштирокдоронро аз дунёи ғаму ғуссаи хеш берун оварда, зери фазои меҳру муҳббат гирдиҳам оварда буд", — навиштааст Эгамзод.

Корбарони Фейсбуки муқими Тоҷикистон ҳама аз он ибрози таассуф намуданд, ки ин сарояндаи маҳбубашон ба Ватан наомад, ки садҳо мухлису ҳаводор дар интизораш буданд.

Ансамбли "Гулшан" дар солҳои 70-80-уми асри гузашта дар Тоҷикистон бо гуруҳи АВВА-и Шведсия муқоиса мешуд.

Ин сарояндаи ансамбли "Гулшан" яке аз овозхонҳои шинохтаи тоҷик ба шумор меравад, ки дар бештари ҳолатҳо ӯро бо суруди "Анор-Анор"ва "Чилкокул"-аш мешиносанд. Ӯ таронаи "Шаби ошиқон"-ро ҳам дар якҷоягӣ бо Кароматуллоҳ Қурбон, овозхони кушташудаи тоҷик иҷро кардааст. Суруди маъруфтарини ӯ "Гулҳои Душанбе" мебошад, ки миёни тоҷикони хориҷ аз Ватан маҳбубияти зиёд дорад.

 

 

 

Лентаи хабарҳо
0