ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Заминларзаи нави 5,4 баллӣ дар соҳили Чилӣ рӯзи ҷумъа ба қайд гирифта шудааст, хабар медиҳад Хадамоти геологии ИМА(USGS).
"Ин заминҷунбӣ дар рӯзи ҷумъа тахминан соатҳои 01:24 ба вақти маҳаллӣ пешбинӣ мешавад",- омадааст дар иттилоияи ин ниҳод.
Маркази заминларза дар 92 километрии шимолу ғарби шаҳри Иляпел қайд шуда, умқи он 10 километрро ташкил хоҳад дод.
Шоми чаҳоршанбе ба панҷшанбеи ҳафтаи равон заминларза дар соҳилҳои Чилӣ ба вуқуъ пайваст, ки Хадамоти геологии ИМА шиддатнокии онро 8,3 бал хонд. Маркази заминларза дар 54 километрии шимолу ғарби шаҳри Иляпел ва 228 километрии шимоли Сантяго ба қайд гирифта шудааст. Хадамоти давлатии ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Чилӣ аз мавҷи 4,5 метрии сунамӣ дар шаҳри Кокимбо хабар дода, дар пайи он ҳудуди як миллион сокини ин кишвар ба ҷойҳои дигар кӯчонида шудаанд.
Шумори қурбониён 11 нафар гуфта шуд. Дар ҳудуди Чилӣ фаъолнокии баланди сейсмикӣ вуҷуд дорад. Моҳи феврали соли 2010 дар ин кишвари Амрикоии ҷанубӣ дар пайи як заминларзаи 8,8 баллӣ, ки сунамиро ҳам дар пай дошт, наздик ба 500 нафар ба ҳалокат расидаанд.