ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Пулиси шаҳри Душанбе ҷавони 23-соларо бо иттиҳоми қатли як нафар ва сӯйиқасд ба куштори ноболиғ дастгир кард, менависад сомонаи ВКД ҶТ.
Ба қавли мақомот, гумонбаршуда сокини 23-солаи шаҳри Душанбе буда, рӯзи 17 сентябр дар пайи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони пулис дастгир шудааст.
"Ин ҷавон шаби 16 ба 17 сентябр, тахминан соати 00:20 вориди хонаи истиқоматии зани 44-солаи шаҳри Душанбе шуда, аз сабаби муноқишаи ба миёномада, бо корди ошхона якчанд маротиба ба узвҳои бадани ӯ задааст".
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ба иттилоъи ВКД, гумонбаршуда "кирдорҳои ҷинояткоронаашро идома дода, бо корд ду маротиба ба аъзои бадани писари 13-солаи зан мезанад, ки дар натиҷа писарбачаи ноболиғ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.