Ширкати Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода

© Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи "Истиқлол". Акс аз бойгонӣ
Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Истиқлол. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода, ки дар таъмиру азнавсозии он беш аз 130 миллион доллари амрикоӣ харҷ шуд, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, ки барои анҷоми як сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода қарор дорад, дар маросими ифтитоҳи шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода иштирок кардааст, иттилоъ медиҳад сомонаи президент.

Ин шоҳроҳ аз дарвозаи ғарбии Душанбе то шаҳри Турсунзода оғоз ёфта, масофаи он 45,3 километраш бо паҳноии 25,5 метр ва ҳаракати 4 хаттаи нақлиёт бунёд ёфтааст. Боқимондаи роҳ бошад, бо паҳноии 15 метр ва ҳаракати ду хаттаи нақлиёт мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

"Арзиши умумии лоиҳаи беҳтар кардани ҳолати роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода дар маҷмуъ 131, 2 миллион доллари амрикоиро ташкил намуда, бо маблағгузории ҳукумати Тоҷикистон ва гранти бонки Осиёгии Рушд амалӣ гардид",- афзудааст манбаъ.

Боздиди кории Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Кӯлоб

Дафтари матбуоти раёсатҷумҳури кишвар мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон зимни маросими ифтитоҳи ин шоҳроҳ барои нигоҳубини роҳи мазкур дастур додааст, то солҳои тулонӣ ба сокинон хидмат кунад. Раисҷумҳури Тоҷикистон дар идомаи суханрониаш ифтитоҳи роҳу пул, нақб ва дигар иншооти муҳими коммуникатсиониро яке аз ҳадафҳои аслии ҳукумати худ барои берун рафтан аз бунбасти коммуникатисонӣ арзёбӣ кардааст.

Бунёди шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода дар моҳи октябри соли 2011 оғоз ёфта буд ва он аз сӯи ширкатҳои тоҷикӣ ва чинӣ бунёд шудааст. Тибқи лоиҳа дар шоҳроҳ 9 купрук бунёд гардида, бо назардошти талабот 213 адад қубури обгузар хобонда шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон субҳи 18 сентябр дар доираи як сафари корӣ озими шаҳри Турсунзода шуда, ҳадаф аз ин сафари ӯро ифтитоҳи як қатор иншооти нав, шиносоӣ бо вазъи зиндагии аҳолӣ ва мулоқот бо мардум эълон кардаанд.

 

Лентаи хабарҳо
0