ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Бо сабаби рух додани сӯхтор дар яке аз меҳмонхонаҳои Макка 1028 нафар ҳоҷӣ аз Осиёи Марказӣ ба ҷои амн кӯчонида шуданд, иттилоъ дод корманди масъули Хадамоти мудофиаи шаҳрвандӣ Абдулло ал-Ҳорисӣ.
Ӯ гуфт, хабари оташсӯзӣ дар ин меҳмонхона субҳи рӯзи панҷшанбе ба онҳо расида, неруҳои вижа ба маҳалли ҳодиса сафарбар шуданд.
"Дар макони сӯхтор шаш бахши наҷотдиҳандагон ба умури наҷотбахшӣ шурӯъ карда, дар кӯтоҳтарин муддат оташро хомӯш карданд",- илова кард ал-Ҳорисӣ. Ба қавли вай, сӯхтор дар ошёнаи 11-уми бино сар зада буд.
Дар бораи ду нафар ҷабрдида иттилоъ дода мешавад. Ба онҳо сари вақт ёрии тиббӣ расонида шудааст.
Дар ҳоли ҳозир дар Макка миллионҳо нафар мусалмони рӯи олам барои анҷоми зиёрати Хонаи Худо қарор доранд. Ҳаҷ аз ҷумлаи аркони панҷгонаи дини мубини Ислом аст, ки барои ҳар мусалмони ба балоғатрасида ва тавоно фарз мебошад. Ҳамасола аз Тоҷикистон ҳудуди шаш ҳазор барои зиёрати Хонаи Худо ба Макка мераванд.