Беш аз 1600 сокини вилояти Суғд ба сафари Ҳаҷҷи Макка мераванд

Обуна шудан
Ба иттилоъи бахши умури адёни вилояти Суғд дар соли ҷорӣ 912 нафар мардон ва 743 нафар занҳо ба сафари зиёрати Ҳаҷҷ мераванд. Тибқи саҳмияҳои раиси ҷумҳур чаҳор нафар собиқадори меҳнат низ сафари Ҳаҷҷро анҷом медиҳанд.

ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Беш аз 1600 сокини вилояти Суғд дар соли ҷорӣ сафари Ҳаҷҷ мекунанд, менависад хабаргузории "Ховар".

Ба иттилоъи бахши умури адёни вилояти Суғд дар соли ҷорӣ дар миёни 1655 нафар зиёраткунандагон 912 нафар мардон ва 743 нафар занҳо

Ҳаҷҷ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Барои сафари Ҳаҷҷ афроди болиғ бар 35 сол “авлавият” хоҳанд дошт
ҳастанд.

Тибқи саҳмияҳои раиси ҷумҳур чаҳор нафар собиқадори меҳнат низ сафари Ҳаҷҷро анҷом медиҳанд. Феълан раванди дарёфти визо барои ин афрод анҷом мешавад.

Дар соли ҷорӣ ҳар як нафар зойир барои анҷоми сафари Ҳаҷҷ 23 ҳазор сомонӣ пардохт мекунад. Ин маблағ ба 26% ё 4,7 ҳазор сомонӣ бештар аз қиммати соли гузаштаи сафари Ҳаҷҷ мебошад.

Лентаи хабарҳо
0