Мағлубияти тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон аз Ироқ

© wikimedia.orgФутбол. Акс аз бойгонӣ
Футбол. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2016 ғолибони ёздаҳ гурӯҳи марҳилаи интихобӣ ва чор дастаи ҷои дуюми нишондиҳандаи беҳтар дошта роҳхат мегиранд.

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Дар бозии нахустини марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 байни наврасон дар гурӯҳи "С" мунтахаби наврасони Тоҷикистон аз наврасони Ироқ бо ҳисоби 1:3 мағлуб шуд, иттилоъ медиҳад Федератсияи футболи кишвар.

Ҳисоби бозиро наврасони Тоҷикистон боз карданд. Дар дақиқаи 39 вохӯрӣ Фаридун Неъматов аз масофаи дур бо зарбаи сахт дарвозаи ироқиҳоро рахна сохт.

Мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон ба Қатар рафт

Ба иттилоъи манбаъ, то ин лаҳза, аниқтараш се дақиқа қабл, нимҳимоягари мунтахаби наврасони Тоҷикистон Султоншо Мирзоев пеналтиро амалӣ карда натавонист. Мутаассифона шогирдони Зайниддин Раҳимов бартариро нигоҳ дошта натавонистанд. Дар дақиқаҳои охири қисми якуми вохӯрӣ наврасони мунтахаби Ироқ на танҳо ҳисобро баробар карданд, балки дастаи худро ба сафи пеш бароварданд.

Дар дақиқаи охирини қисми аввали бозӣ Муҳаммад Ридха ҳисобро баробар кард. Дар дақиқаи дуюми ба вақти асосии қисми якуми вохӯрӣ илова шуда бошад Мунтадҳир Абдулсада голи дуюми ироқиҳоро ба самар расонд. Голи сеюми мунтахаби Ироқро, дар қисми дуюми бозӣ Алаа Аднан Ҷаббор зад.

Дар бозии дигари ин гурӯҳ наврасони Қатар бар мунтахаби наврасони Туркманистон бо ҳисоби бузурги 5 бар 0 пирӯз шуданд.

Бозии навбатии тими футболи наврасони Тоҷикистон рӯзи 18 сентябр баргузор мешавад.  

Лентаи хабарҳо
0