ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Дастаи мунтахаби наврасони зери 16-солаи Тоҷикистон рӯзи гузашта таҳти роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов ҷиҳати иштирок дар бозиҳои марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 ба Дохаи Қатар сафар кард, иттилоъ медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.
"Мунтахаби наврасони зери 16-солаи Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо мунтахабҳои наврасони Қатар, Ироқ ва Туркманистон барои баромадан ба марҳилаи ниҳоӣ мубориза мекунад",-меафзояд манбаъ.
Шогирдони Раҳимов дар доираи ин мусобиқа бозии аввали худро рӯзи 16 сентябр бо мунтахаби наврасони Ироқ оғоз мекунад. Дар даври дуюми рақобатҳо, ки рӯзи 18 сентябр доир мегардад, мунтахаби наврасони ҷумҳурӣ бо ҳамсолонашон аз Туркманистон рӯбарӯ мешаванд. Дар даври ҷамъбастии марҳилаи гурӯҳии мусобиқа бошад, наврасони тоҷик рӯзи 20 сентябр бо соҳибони майдон вомехӯранд.
Ҳамаи бозиҳои ин гурӯҳ дар Варзишгоҳи «Aspire Dome Indoor Stadium»-и Доха баргузор мешаванд.
Тақвими бозиҳои марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 дар гурҳи "С"
16 сентябр, даври 1
Қатар — Туркманистон
Тоҷикистон — Ироқ
18 сентябр, даври 2
Туркманистон — Тоҷикистон
Ироқ — Қатар
20 сентябр, даври 3
Қатар - Тоҷикистон
Ироқ — Туркманистон