https://sputnik.tj/20150917/1016817355.html
Бадахшон: дар Рангкӯли Мурғоб 12 хонавода бӯрёкӯбон доранд
Бадахшон: дар Рангкӯли Мурғоб 12 хонавода бӯрёкӯбон доранд
Sputnik Тоҷикистон
Ин ҷамоат минтақаи наздисарҳадии Тоҷикистон бо давлати Чин мебошад, ки аз се деҳа- Рангкӯл- маркази ҷамоат, Чичикдеҳ ва Субаши иборат аст ва ҳудуди бештар аз... 17.09.2015, Sputnik Тоҷикистон
2015-09-17T16:10+0500
2015-09-17T16:10+0500
2021-07-21T16:30+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101681/76/1016817640_0:52:1600:956_1920x0_80_0_0_c1789387e2209562b6740d1e4996e615.jpg
бадахшон
мурғоб
рангкӯл
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2015
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101681/76/1016817640_0:1:1600:1007_1920x0_80_0_0_cdaa7e92d4015e421166bbfcbb34dc90.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, иҷтимоъ, ҳамаи хабарҳо, бадахшон, мурғоб, рангкӯл, азим иброҳим, шодихон ҷамшед, ҳукумати вилояти бадахшон, ҳукумати ҷт, ҷамоати рангкӯл, бӯрёкубон, офати табиӣ дар бадахшон
дар тоҷикистон, иҷтимоъ, ҳамаи хабарҳо, бадахшон, мурғоб, рангкӯл, азим иброҳим, шодихон ҷамшед, ҳукумати вилояти бадахшон, ҳукумати ҷт, ҷамоати рангкӯл, бӯрёкубон, офати табиӣ дар бадахшон
Бадахшон: дар Рангкӯли Мурғоб 12 хонавода бӯрёкӯбон доранд
16:10 17.09.2015 (Навсозишуда: 16:30 21.07.2021) Ин ҷамоат минтақаи наздисарҳадии Тоҷикистон бо давлати Чин мебошад, ки аз се деҳа- Рангкӯл- маркази ҷамоат, Чичикдеҳ ва Субаши иборат аст ва ҳудуди бештар аз 1600 нафар аҳолӣ дорад.
Душанбе, 17 сен — Sputnik. Муовини нахуствазири Тоҷикистон Азим Иброҳим ва раиси вилояти Бадахшон Шодихон Ҷамшед дар деҳаи Рангкӯли ҷамоати деҳоти Рангкӯли ноҳияи Мурғоб 12 хонаи истиқоматии навбунёдро ба соҳибонашон супориданд, иттилоъ доданд ба Sputnik aз дастгоҳи иҷроияи ҳукумати ВМКБ.
Ба қавли манбаъ, дар пайи офати табиӣ ва селу обхезиҳо дар моҳҳои июл-августи соли равон дар ин рустои баландкӯҳ 12 манзили истиқоматии сокинон комилан тахриб гардида, 21 хона қисман зарар дида буданд.
"Ҳамакнун, бо дастгирии ҳукумати кишвар тайи муддати яку ним моҳ манозили маскунӣ пурра навсозӣ гардида, ба зарардидагон супорида шуданд",- меафзояд сарчашма.
Хонаҳои истиқоматӣ барои зарардидагони офати табиӣ дар ин ноҳия бо тамоми ҷиҳози зарурӣ таъмин шудаанд. Ҳамчунин ҳамарӯза аз ҷониби сокинони кишвар ва Агентии захираҳои моддии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зарардидагони офат маводи ниёзи аввал расонида мешавад.
Ҷамоати мазкур минтақаи наздисарҳадии Тоҷикистон бо давлати Чин мебошад, ки аз се деҳа- Рангкӯл- маркази ҷамоат, Чичикдеҳ ва Субаши иборат аст ва ҳудуди бештар аз 1600 нафар аҳолӣ дорад.