ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Сокинони Мурғоб мегӯянд, ба думболи селхезиҳои харобиовар дар Бадахшон ва баста шудани роҳҳо, ба ин ноҳия орд ворид нашудааст ва нархи як халтаи он аз 160 то ба 200 сомонӣ ва дар деҳоти дуртари он ба 225 сомонӣ расидааст, менависад "Радиои Озодӣ".
Сӯҳроб Ғарибшоев, раиси бахши Бунёди Оғохон дар ноҳияи Мурғоб 30 июл ба "Озодӣ" гуфтааст, тайи 10 рӯз аст, ки орд тақрибан ба Мурғоб ворид нашудааст ва нархи он дар маркази ноҳи ба 200 сомонӣ ва дар деҳоти дуртар ба 225 сомонӣ расидааст. Вай афзудааст, баъди фаромадани сел роҳи Хоруғ ба Мурғоб баста шуд ва то боз шудани роҳ аз тариқи Хоруғ-Ишкошим-Мурғоб орде, ки аз тарафи Оҷонсии захираҳои давлатӣ оварда шуда буд, тамом гардид.
Вай мегӯяд, дар ҳамин муддат аз Ӯши Қирғизистон низ орд ворид намешавад ва ин вазъи бе ин ҳам мушкили мардумро мушкилтар кардааст. Ба гуфтаи вай, ҳарчанд роҳи аз тариқи Ишкошим боз шуда бошад ҳам, аммо мошинҳои вазнинбор аз ағбаи "Лангар" убур карда наметавонанд ва илова ба он, масофаи роҳ аз тариқи Ишкошим 130 километр дуртар шудааст.
Эшпулод Қувватбеков, як сокини ноҳияи Мурғоб гуфтааст, дар деҳаи онҳо, ки аз маркази ноҳия 15 километр дуртар аст, нархи як халта орд ба 230 ва 235 сомонӣ расидааст. Вай мегӯяд, баъди баста шудани роҳ ва ворид нагаштани орд, байни мардум таҳлука ба вуҷуд омад ва тамоми орде, ки дар мағозаҳо буд, хариданд.
Қувватбеков мегӯяд, ки набудани орд ба нархи дигар маводи мавриди ниёзи мардум, аз ҷумла шакару равғану маҳсулоти ордӣ таъсир кардааст ва нархи як кило шакар ва як литр равған як сомонӣ бештар шудааст. Масофаи роҳ аз тариқи Хоруғ то Мурғоб 320 километр аст, вале ҳоло аз тариқи ноҳияи Ишкошим ба 410 километр баробар шудааст.