ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Рӯйхати афроди таҳримшавандаи Украина, ки онро Шӯрои миллии амният ва дифоъи ин кишвар дар қиболи шаҳрвандони Русия тартиб додааст, 400 нафар шахсони воқеъӣ ва 90 фарди ҳуқуқиро дарбар мегирад, иброз дошт президенти ҶУ Петр Порошенко.
Тибқи иттилоъи дафтари матбуотии райисҷумҳури Украина, президент дар бораи қарори Шӯрои миллии амният ва дифоъ (ШМАД) аз 2 сентябри соли 2015 ибрози назар карда, оид ба тавсеъаи чораҳои тақвият бахшидани афроди таҳримшавандаи Русия гузориш дод.
"Порошенко гуфт, ин рӯйхат беш аз 400 нафар шахсони воқеъӣ ва 90 фарди ҳуқуқии Русияро, ки джар қиболи Украина ҷиноят содир кардаанд, дарбар мегирад",-омадааст дар ин иттилоъия.