ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Ба Радаи олии Украина тарҳи қонун дар бораи манъи истифода аз калимаҳои "Русия" ва "Рус" барои бозтоби Федератсияи Русия ворид шудааст.
Алайҳи нақзкунандагон ҷарима аз 50 то 100 мизони ҳадди ниҳоии маош муқаррар шудааст.
Тарҳи қонун "Дар бораи манъи истифодаи исми таърихии қаламрави Украина ва вожаҳои истифодашуда аз онҳо ба унвони исм ва ё синоними Федератсияи Русия, барои бо ин исм номгузорӣ ва ё мушшахассозии қаламрави феълии Федератсияи Русия ва ё қисмате аз он" ҳафтаи гузашта ба Рада ворид шуд, вале ҷузъиёти он танҳо рӯзи сешанбе рӯшан шуданд.
Тибқи ин санад зери мафҳуми таърихии қаламрави Украина вожаи "Рус" ва калимаи аз он сохташудаи "Русия" дониста мешаванд.
Пешниҳод шудааст, ки истифода аз ин мафҳумот дар асноди ниҳодҳои давлатӣ, зимни суханрониҳои расмии мақомот ва таҳияи маводди иттилоъотӣ дар бораи Федератсияи Русия; дар китобҳои дарсӣ, харитаҳо, маводди иттилоъотӣ; дар эълонҳо ва таблиғот, овезаҳо, дар нишонаҳои ҷоддаҳо; дар интиқолоти почта ва дигар бахшҳо, ки дар онҳо номи расмии Федератсияи Русия истифода мешаванд манъ карда шавад.
Дар тарҳи қонун омадааст, ки исми "Русия" ва ё "Рус" — номи таърихии қаламравест, ки дар он Украинаи феълӣ воқеъ аст ва истифодаи он ба унвони синоними расмии Федератсияи Русия "ёдоварии таҷаҳҳумӣ ба шаҳрвандони Украина дар бораи "муваққатии" давлатдории Украина мебошад". Киев муътақид аст, ки ин амр дастдарозӣ ба истиқлолияти Украина мебошад.
Пешниҳод шудааст, ки ба қонуни ҷазои Украина ислоҳот ба моддаи 110-1 (моддаи 110 —"дастдарозӣ ба воҳидияти қаламрав ва дахлнопазири Украина") ворид карда шуда тибқи он барои нақзи ин талаботи қонун аз 50 то 100 маоши ниҳоӣ ҷарима пешбинӣ карда шавад.