ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Бозии дастаи "Истиқлол"-и Тоҷикистон бо тими "Ал-Ваҳда"-и Сурия дар даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (AFC)-2015 дар шаҳри Душанбе бо ҳисоби 1:1 ба поён расид, менависад сомонаи ФФТ.
Барои муайян кардани ғолиб ба дастаҷҳо вақти иловагӣ дода шуд. Вале азбаски ин фурсат низ ғолибро муайян накард, ба дастаҳо имконияти истифода аз зарбаҳои 11-метра дода шуд. Бозингарони "Истиқлол" дар ин зарбаҳо дақиқтар амал карданд, бо ҳисоби 4:2 пирӯз шуданд.
Ин бозӣ бо иштироки 17 ҳазор бинанда дар варзишгоҳи марказии Душанбе шоми 26 май барпо шуд.