Мулоқоти Путину Раҳмон имрӯз баргузор мешавад

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузариш ба медиабонкЭмомалӣ Раҳмон и Владимир Путин дар ҷаласаи СҲШ дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Эмомалӣ Раҳмон и Владимир Путин дар ҷаласаи СҲШ дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сарвари давлати Русияро дар фурудгоҳи байналмилалӣ нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода пешвоз гирифт.

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Шоми рӯзи гузашта президенти Русия Владимир Путин барои иштирок дар ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ вориди пойтахти Тоҷикистон шуд.

Сарвари давлати Русияро дар фурудгоҳи байналмилалӣ нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода пешвоз гирифт.

Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Қазоқистон вориди Душанбе шуд

Шабакаҳои телевизионҳои давлатӣ сайру гашти роҳбарони кишварҳои аъзои СПАД-ро, ки барои ширкат дар ҷаласаи Шӯрои ин ниҳод ба Душанбе омадаанд,  дар яке аз боғҳои истироҳатии пойтахт намоиш доданд.

Бино ба иттилоъи хадамоти матбуотии Кремл, мулоқоти президенти Русия Владимир Путин бо раҳбари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 15 сентябр  дар Душанбе баргузор мешавад. Дар ҳамин рӯз ҳамчунин мулоқоти раисҷумҳури ФР бо раҳбари Қирғизистон Алмосбек Отамбоев низ дар назар аст. Ҳамчунин ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ имрӯз сурат хоҳад гирифт.

"Таваҷҷӯҳи аслии ҷонибҳо дар нишасту ҳамоишҳои Душанбе ба танзими ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва низомӣ равона хоҳад гардид. Ҷамъбасти натоиҷи машқу тамриноти неруҳои вокуниши сареъ (КСОР)-и СПАД аз ҷумлаи дигар масоили матраҳшаванда мебошад",- омадааст дар иттилоъия.

 

Лентаи хабарҳо
0