Раисҷумҳури Қазоқистон вориди Душанбе шуд

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкПрезиденти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев. Акс аз бойгонӣ
Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президенти Қазоқистон дар ҷараёни ин боздидаш аз Душанбе зери як қатор санадҳои ҳамкорӣ имзо хоҳад гузошт.

ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Қазоқистон, Нурсултон Назарбоев барои анҷоми як сафари расмӣ ба Тоҷикистон рафт, навиштааст дафтари матбуотии сарвари он кишвар.

Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, дар пайи гуфтугӯ ва музокироти Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ва Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон 6 санади ҳамкории ҷадидимзо хоҳад шуд.

Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев - Sputnik Тоҷикистон
ВКХ: Назарбоев барои анҷоми сафари расмӣ ба Душанбе меояд

"Сарвари давлати Қазоқистон вориди шаҳри Душанбе гардид. Дар ҷараёни ин боздиди ӯ за пойтахти Тоҷикистон, мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, имзои чанд санади нави ҳамкорӣ ва иштирок дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) дар назар аст",- афзудааст дафтари матбуоти раёсатҷумҳури Қазоқистон.

Тибқи иттилои расмӣ табодули коло миёни Тоҷикистону Қазоқистон давоми соли 2014 ба беш аз 859 миллион доллар расидааст. Тоҷикистон аз Қазоқистон бештар гандуму орд, маҳсулоти нафтӣ ворид намуда, дар навбати худ ба Қазоқистон пахта, алюмин ва меваю сабзиҷот содир мекунад.

Лентаи хабарҳо
0