Чуров: сомонаи КМИ Русия мавриди ҳамлаи ҳакерони ИМА қарор гирифт

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкИнтихоботи маҳаллӣ дар бархе аз манотиқи Русия
Интихоботи маҳаллӣ дар бархе аз манотиқи Русия - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси Комиссияи марказии интихоботи Русия Владимир Чуров аз ҳамлаи номуваффақ ба сомонаи расмии ниҳоди таҳти раҳбарияш хабар дод. Ба қавли ӯ, ҳамлагарон мехостанд, ба сомонаи Комиссияи марказии интихоботи Русия ворид шуда, баъзе маълумотҳоро тағйир диҳанд.

ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Раиси Комиссияи марказии интихоботи Русия Владимир Чуров гуфт, ба сомонаи расмии ин ниҳод барои тағйири маълумотҳо ҳамлаи номуваффақи ҳакерӣ аз қаламрави ИМА сурат гирифтааст.

"Дирӯз барои шикастани сомонаи мо талошҳо шудааст, то маъулмотҳоро ҳамроҳ бо 50 ҳазор дархост дар ҳар дақиқа тағйир диҳанд. Аммо муваффақ нашуданд. Ҳамлагарон муайян карда шуда, ба ширкате мустақар дар Сан-Франсиско дар ИМА марбутанд",- гуфтааст Чуров.

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло санҷиш идома дорад. Чуров афзуд, ки системаи ГАС "Интихобот" рӯзи овоздиҳӣ хуб фаъол буда, дар ҳоли ҳозир ҳеч мушкиле пеш наомадааст.

 

Лентаи хабарҳо
0